Formula novemver 2024
Келин кӯдакро кушту мӯйсафедро ба марг маҳкум кард Қисми 2
1664

(Идомааш...)

Янгаи ҷоҳил чунон бо ғазаб духтарчаро тела дод, ки кӯдак аз зинапоя афтида, ба поён ғелид ва аз ҳуш рафт. Келинчак аз тарс дарақ-дарақ ларзида, чӣ кор карданашро намедонист. Ҳарчанд ба сару рӯи кӯдак об пошида, ба сару рӯяш мезад, кӯдак намеҷунбид.

Манзура набзи духтарчаро санҷиданӣ шуда, дасти хӯрдакаки ӯро ба даст гиирфт ва якбора дар ҷояш шах шуда монд, дили кӯдак кайҳо аз кор монда буд. Келинчаки айёр ӯро рӯи даст бардошта, ба хона дароварду болои рахти хоб хобонда, аз хона баромад ва гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад, аз паси кору бор шуд. Дере нагузашта, садои мӯйсафед баланд шуд.

-Нозанин, ҳой Нозанин, зуд ба ин ҷо биё, ман барои ту лӯхтакча овардам.

Манзура аз ошхона набаромада, садо баланд кард:

-Нозанин хоб аст.

Мӯйсафед мехост ҳарчӣ зудтар Нозанинро аз хоб бедор карда, ӯро хурсанд кунад. Ин дам духтарчаи хурдсоли Зоҳир аз лаби ҷелаки бобояш кашида, пичиррос зад:

- Очам Нозанина тела дод, ӯ аз боло афтид.

Пиру кампир зуд ба хона даромаданд, то аз ҳоли Нозанин хабар бигиранд. Келин бо рангу рӯи паридааш аз ошхона намебаромад. Лаҳзае пас доду фарёди мӯйсафед баланд шуд. Бобои Раҷаб ҷисми беҷони Нозанинро болои дастонаш гирифта, ба берун баромад. Сару рӯи духтарча аллакай каб-кабуд шуда буд. “Ту чӣ кор кардӣ, ношуд?” мегуфт мӯйсафед бо чашмони пур аз об ва намедонист сарашро ба куҷо занад. Ҳанӯз Нозанинро ба хок насупурда, ба хонаи онҳо милисаҳо омаданд. Ҳавлӣ пур аз одам шуда буд, яке аз милисаҳо ба назди бобои Раҷаб омада гуфт:

-Мӯйсафед, шуморо барои ҷинояти кӯдакдуздиатон дастгир мекунем. Бо мо ба шуъба меравед. Аз рӯи шумо шикоят омадаст,- фаҳмонд сардорашон. Бобои Раҷаб оҳи сард кашида гуфт:

-Ман ӯро аз лаби соҳил ёфта будам, се сол интизор шудам, вале касе ба суроғаш наомад.

-Чаро сари маҳал хабар надодед. Падару модари кӯдак се сол боз дар ҷустуҷӯи фарзандонашон буданд.

Мӯйсафед намедонист ба онҳо чӣ ҷавоб диҳад. Нафас дар гулӯяш печида буд. Ниҳоят худро ба даст гирифта гуфт:

-Хуб шудааст, агар ман гунаҳгор бошам, фардо субҳ дасти духтарчаро гирифта, худам ба шуъбаи шумо меравам.

Кормандони милиса розӣ шуда, баромада рафтанд. Мӯйсафед он рӯз Нозанини азизи дилашро ба хок супурда, роҳи аз ин бало раҳо ёфтанро меҷуст. Пардаи торикӣ кайҳо ба сари шаҳр чодари сиёҳ кашида буд, вале бобои Раҷаб ҳамоно бедор буд. Соатҳои тақрибан 2-и шаб, вақте ки ҳама дар хоби ноз буданд, ин мӯйсафеди 70-сола ба дарду ғам тоб наоварда, худро ба дор овехт ва рӯзи дигар дар қабати духтарчаи нозанини худододаш ба хоби абадӣ рафт.

Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД