Sebiston new 2024 october
Келин кӯдакро кушту мӯйсафедро ба марг маҳкум кард Қисми 1
1764

 

Бобои Раҷаб моҳидори номдор буд. Ӯро хурду калони деҳа бо лақаби “Раҷаби моҳӣ” мешинохтанд. Вай танҳо Зоҳир ном як писар дошту халос. Ҳамсараш дигар фарзанддор нагашта бошад ҳам, Раҷаб ӯро талоқ надод, чунки девонавор дӯсташ медошт.

Зиндагии ширине доштанд зану шавҳар. Ҳар субҳ Раҷаб ба лаби дарё рафта, моҳӣ меқапиду ҳамсараш моҳиҳоро пухта, ба бозор бурда мефурӯхт. Рӯзашонро бо моҳифурӯшӣ гузаронида, парвои оламу одам надоштанд, ин ҷуфти зебо, вале...

Бо гузашти солҳо зану шавҳар тӯйи хоксоронае барпо карда, писари ягонаашонро бо ҳазорон орзуву умед хонадор карданд. Баъд омадани келин зиндагии онҳо ранги дигар гирифт. Акнун аз ҳавлии хомӯшии онҳо ҳамеша овози ҷангу ҷанҷол мебаромад. Арӯсаки шаттоҳ ҳар рӯз бо ягон баҳона бо шавҳараш моҷаро мекард. Зоҳирро ҷонаш ба лаб расида, чанд маротиба хост ҷавоби занашро диҳад, вале бобои Раҷаб “зиндагӣ бозича нест, ки ҳар рӯз зан гирӣ. Писарам, келин ҳоло ҷавон аст, ӯро тарбия кардан лозим” гӯён, монеъ мешуд. Мӯйсафед мехост бо панду насиҳат оилаи фарзандашро аз вайронӣ нигоҳ дорад, бехабар аз он ки ин некиаш дар ҳаққи келини носипос оқибат балои ҷонаш хоҳад гашт.

Рӯзе бобои Раҷаб барои моҳидорӣ ба як деҳаи дурдаст рафт. Нав ба соҳили дарё расида буд, ки ба гӯшаш садои гиряи тифле расид. Мӯйсафед тозон ҷониби овоз шитофт. Дуртар аз соҳил дар рӯйи рег тифлаки тахминан яксолае дасту по зада, гиря мекард. Бобои Раҷаб духтарчаро аз замин бардошта, сару рӯяшро аз хоку рег тоза карда, ба бағалаш зер карда, ба хона овард. Вақте ки падар тифли хурдакак дар даст вориди ҳавлӣ гашт, ҳама ҳайрон монданд.

-Ин саҳар дар шастатон ба ҷои моҳӣ духтарча афтид чӣ, дада? -Ҳазл кард Зоҳир. Бобои Раҷаб воқеаро нақл карду дили кампир ба ҳоли кӯдак сӯхта, зуд сару рӯйи духтарчаро шуст ва шир дода ӯро хобонд.

-Худоё, кадом ношукр ин тифлаки бегуноҳро дар лаби дарё партофта, рафта бошад-а?- Худ ба худ меандешид мӯйсафед. Онҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳо мунтазир шуданд, вале касе ба суроғи духтарча намеомад. Пиру кампир духтарчаи худододашонро Нозанин ном ниҳода, ӯро аз гавҳараки чашмашон бештар эҳтиёт мекарданд. Мӯйсафед Нозанинро чунон дӯст медошт, ки ягон луқмаро бе ӯ фурӯ намебурд. Зани Зоҳир низ дар ин миён духтарчадор шуда буд, вале азбаски келин онҳоро иззату ҳурмат намекард, мӯйсафед духтари ӯро чандон нағз намедид. Кӯдаки аз кӯча ёфтаро аз набераи худашон азизтар донистани пиру кампир, боиси рашки келин гашт. Манзура чашми хусуру хушдоманашро хато карда, Нозанинро мезаду дашном медод, як субҳ пиру кампир ба меҳмонӣ рафтанду Нозанинро назди янгааш гузоштанд. Ҳанӯз ҳам мӯйсафед хавотир буд, ки касе ба суроғи Нозанинаш омада, ӯро мебарад. Вай чунон ба ин тифлаки ҷингиламӯй одат карда буд, ки дигар Нозанинро ба касе додан намехост. Пеш аз сафар бобои Раҷаб таъкид кард, ки дарвозаро кушода намонанд. Нозанини хурдакак аз лаби домони мӯйсафед дошта, гиря мекард, ки ӯро ҳам бо худ баранд. Бобои Раҷаб бехабар аз он ки имрӯзҳо ин тифлаки хурдакак дар дасти янгаи золимат чӣ қадар азият мекашад, “ҷони бобо, он ҷо ҷои ту нест, охир мо ба мурдахона барои дуову фотеҳа меравем” гӯён, сари Нозанинро сила карда, аз дарвоза баромад. Нозанин аз паси бобои Раҷабу занаш гирён ба кӯча баромада, дар назди дарвоза нишаст, янгааш чанд маротиба номи ӯро гирифта ҷеғ зад, аммо Нозанин гӯё садои ӯро нашунида бошад, аҳамият надод. Манзураи шаттоҳу золим рафтори духтарчаро нописандӣ пиндошта, мисли албастӣ бо қаҳру ғазаб аз хона баромада, аз мӯи ҷингилаи духтарча бераҳмона дошта, ӯро телакунон ба хона даровард, Нозанин ҳамоно саркашӣ карда, ба хона даромадан намехост.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД