Дар давоми шаш моҳи соли равон ҳодисаҳои худкушӣ ва суйқасди ба худкушӣ дар байни мактаббачаҳо дар вилояти Суғд якбора афзудааст.
Бино ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода дар ин шашмоҳа 16 нафар ноболиғон худкушӣ ва суйқасди худкушӣ намудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11 ҳодиса зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи соли равон дар Истаравшан 4 нафар ноболиғон, дар Деваштич ва Ҷаббор Расулов-3 нафарӣ, Бобоҷон Ғафуров-2 нафар ва дар Гулистон, Зафаробод, Конибодом ва Мастчоҳ як нафарӣ ба чунин амал даст задаанд.
Дар ин давра раванди номатлуби ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии минтақаи Суғд низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Ба гуфти Набизода, агар дар шашмоҳаи соли 2021 дар ҳудуди вилояти Суғд 79 ноболиғ даст ба ҷиноят зада бошанд, дар шаш моҳи соли равон ин шумора аллакай ба 84 нафар расидааст, ки нисбати ҳамин давраи ҳисоботӣ 5 ҳолат зиёд мебошад. Ҷиноятҳои ноболиғон бештар аз дуздии молу амвол, бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт, майдаавбошӣ ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ иборатанд.
Мувофиқи таҳлилҳои масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Суғд ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суйқасд ба ҷони худ бештар аз ҷониби бонувон сурат мегиранд. Занону духтарон аксаран бо сабаби хушунату зӯроварӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ аз зиндагӣ сер шуда, даст ба худкушӣ мезананд, мардон бошанд, ба гирдоби қарз ғӯтида, роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинанд, вале худкушӣ кардани кӯдакону наврасоне, ки ҳанӯз ҷуз курсии мактаб дигар чизеро надидаанд, бисёр ташвишовар буда, сабабҳои даст ба худкушӣ задани насли наврас таҳлили амиқ мехоҳад...
Мақомот барои пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳои нохуш аз гузаронидани даҳҳо номгӯи чорабиниҳо то гардиши хона ба хонаро амалӣ мекунанд. Дар шаҳракҳо ва ҷамоатҳои деҳот низ барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва худкушию дигар озору шиканҷаҳо дар байни занону духтарон ва ноболиғон маъракаҳои зиёди иттилоотӣ гузаронида мешаванд, аммо бо сабабҳои маълуму номаълум сол то сол худкушӣ ва суйқасд ба худкушӣ бештар шуда истодааст.
Аз рӯи таҳлили масъулини ҳифзи ҳуқуқи вилоят бештари ҳодисаҳои худкушӣ бо сабаби моҷароҳои оилавӣ, ҳолати ноустувории равонӣ ва тангии аз ҳад зиёди иқтисодӣ ба миён омада, нафароне, ки даст ба худкушӣ мезананд, роҳи халосӣ аз мушкилоти пешомадаро танҳо дар канда кардани риштаи умри худ мебинанд. Мутаассифона, дар кам ҳолатҳо сабабҳои худкушӣ ба таври пурра омӯхта мешавад, зеро аксари афрди даст ба худкушӣ зада то нафаси охирин ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада ба қавле “дардашонро бо худ ба гӯр мебаранд” ва баъди маргашон хатову гуноҳ бар души фавтида бор мегардад.
Равоншиносон мегӯянд, бештари занон дар чорроҳаи зиндагӣ роҳгум задаву ба хушунати сахти оилавӣ тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезананд. Дар баъзе ҳолатҳо занон ба хотири қасдгирӣ аз хонаводаи шавҳар фарзандонашонро низ бо худ қурбон мекунанд, вале...
Кӯдакону наврасонро чӣ ба худкушӣ бурда мерасонад? Ин саволест, ки то кунун ҷавоби дақиқ надорад...