Бар асари бориши шадид дар 9 ноҳияи Танзания дар давраи аз моҳи январ то 28 апрел қариб 37 кӯдак ба ҳалокат расидааст. Дар ин хусус полиси Танзания хабар додааст.
Бархе кӯдаконро обхезӣ шуста, бархеи дигар дар чоҳҳо ва ҳавзҳо ғарқ шудаанд.
Аз падару модарон ва парасторон даъват карда шудааст, ки кӯдакон дар вақти борон аз хона берун набароянд ва мақомоти дахлдор дар ҷойҳои захиракунии об, аз ҷумла чоҳҳо ва ҳавзҳо шиорҳо насб кунанд.
Хадамоти обуҳавосанҷии Танзания ҳушдор додааст, ки бориши шадид дар минтақаҳои гуногуни мамлакат метавонад сабаби обхезӣ бо оқибатҳои нохуш гардад.