Ба наздикӣ дар авлодамон воқеаи нохуш рух дод. Яке аз хешовандонамон кӯдаки норасид таваллуд кард. Барои гӯр кардани вай баҳсу мунозираҳо зиёд шуд, ки бояд ӯро ном гузоранд. Шариати ислом чӣ мегӯяд?
САМАРҶОН, н. Айнӣ
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Кӯдаке, ки зинда таваллуд шуда, баъди чанд лаҳза мемирад ё мурда ба дунё меояд, бояд аввал ӯро ном ниҳода, баъд аз он ғусл намуда, сипас ба хок супоранд. Ном гузоштан барои падару модараш хотирмон мешавад. Тифл зинда ба дунё омада бошад, ӯро ҷаноза мекунанд, вале мурда таваллуд шуда бошад, ҷаноза намекунанд. Аз дидгоҳи ислом танҳо он афродеро ҷаноза кардан ҷоиз аст, ки аз ҳаёт баҳра бурдаанд.