Бепарвоии ронандагон боиси марги фоҷиавии боз як кӯдаки маъсум гашт. Хуршедҷони 7-сола оғӯшта дар хуни худ бо азобҳои алим ҷон ба ҷонофарин супурд...
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад. Бино ба маълумоти сомонаи ВКД-Тоҷикистон шоми 12-уми феврали соли 2023, тахминан соати 19:25, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-82”, Менглиев Ҳасан Унгбоевич, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Бошқалъаи ҷамоати деҳоти У.Назарови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони хурдсол Ойматов Хуршед Ҷумъаназарович, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.Дар натиҷаи ин садамаи сархӯр Хуршедҷони 7-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар роҳҳои кишварамон бар асари садамаҳои нақлиётӣ 300-400 нафар ба ҳалокат расида, ҳазорон нафари дигар ҷароҳатм ебардоранд ва маъюб мешаванд. Аз ин лиҳоз бори дигар аз тамоми ронандагон хоиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд.