Formula novemver 2024
Кӯдаки 5-сола аз ошёнаи 3-юм афтид!
1714

Фоҷиа дар боғчаи бачагона:
Кӯдаки 5-сола аз ошёнаи 3-юм афтид!
Солҳои охир иддае аз волидон кӯдакони хурдсоли худро ба боғчаҳои бачагонаи хусусӣ месупоранд. Андешае роиҷ аст, ки дар боғчаҳои бачагонаи хусусӣ шароит беҳтар буда, ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кӯдакон бештар рушд мекунанд, вале мутаассифона на ҳамеша чунин аст. Як писарчаи 5-сола аз ошёнаи 3-юми боғчаи бачагонаи хусусӣ афтида, айни замн дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Чаро кӯдак аз ошёнаи 3-юми бинои баландошёна ба замин афтид? Вақте ки писарак ба болои тиреза мебаромад, мураббия дар куҷо буд?
Ба иттилои РИА-Новости ин фоҷиа дар яке аз боғчаҳои бачагонаи шаҳри Маскав, аниқтараш дар маҳаллаи Бирюлёвои Шарқӣ рӯй дода, писарчаи 5-сола аз ошёнаи сеюми бинои баландошёна афтодааст.
Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки хонаро як соҳибкори маҳаллӣ ба иҷора гирифта, дар он боғчаи бачагонаи хусусӣ кушодааст, аммо бо сабаби бепарвоии мураббия яке аз тарбиятгирандагони ин боғча, ки ҳамагӣ 5-сол дорад, ба пештоқи тиреза баромада аз ошёнаи сеюм ба замин меафтад.
Муфаттишон мегӯянд, вақте ки писарак аз баландӣ ба замин афтид, мураббия дар ошхона буда, маҳз бо сабаби бепарвоии ин зан кӯдаки хурдсол маҳрӯҳ гаштааст.
Айни замон писарак писарак дар беморхона таҳти назорати табибон қарор дорад. Вазъи саломатии бачаро вазнин арзёбӣ менамоянд.
Тафтишоти ҷузъиёти дигари ин ҳодиса аз ҷониби прокуратураи шаҳри Маскав идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД