Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 87)
12.04.2020
А. ҲОҶӢ
3125

 

(Давомаш, фардо анҷом)

Мардуми Сафеддорон ҳама сари роҳи калони мошинрав ҷамъ омада буданд. Онҳо ба пешвози Шафоат мисли оне ки ба пешвози меҳмони олиқадре саф меороянд, дар ду тарафи роҳ рост истода, байни худ пичир-пичир мекарданд. Ҳама медонистанд, ки ҳоло Шафоати нокомро, ки дар маркази ноҳия зери чархи мошин мондааст, меоранд. Яке мегуфт, ки пас аз мошин ӯро зер кардан ба Душанбе бурдаанду дар он ҷо ҷон додааст, дигарӣ инро рад карда мегуфт, ки Шафоат худи ҳамон лаҳза ҷон додааст. Овозаҳо хеле зиёд буданд, аммо касе аз мардуми деҳа намегуфт, ки чаро ин духтараки бақуввату солим ва ҳушёр зер чархи мошин мондааст. Ҳама инро фалокати ногаҳонӣ мепиндоштанд. Ду-се нафар асли воқеаро медонистагӣ ҳам хомӯш буданд, зеро намехостанд асрори нуҳуфтаи духтари ноком ба ҳама аён гашта, боиси гапу калочаи бисёре шавад. Онҳое ҳам, ки каму беш дар ин моҷаро мавҷуд будани ягон сирреро пай бурда буданд, хомӯширо авлотар медонистанд. Дар ин ду рӯзе, ки аҳли деҳа интизори хабаре аз шаҳр, аз саломатии Шафоат буданд, бисёр чизҳо барояшон аён гашта, фаҳмиданд, ки духтари 23 сол пеш гумкардаи Ҳасратмоҳ зани муаллими аз ҷарӣ афтида Муртазо будааст. Ин гап ҳамаро ба қавле «шок» гардонида, мардум аз ҳамдигар тафсилоти ин “бозёфт”-ро мепурсиданд, вале касе ёфт намешуд, ки тафсилоти чӣ тавр ёфт шудани духтари Ҳасратмоҳро барояшон нақл кунад.

-Тақдираш чунин будааст,-мегуфт зани домулло аз марги Шафоат афсӯс хӯрда.

-Ҳа, одам то ҳамон даме зиндагӣ мекунад, ки Худованд барояш ҷудо кардааст,-мегуфт домуллое, ки аз ҳамаи асрори ишқи нокоми ин духтар огоҳ буд ва чанд моҳ пеш худаш ӯро ба Муртазо никоҳ карда, тӯйи пинҳонӣ ороста буд. Акнун домулло барои хондани ҷанозаи ин арӯсӣ номуроди тахту бори арӯсиро нодида тайёрӣ медид...

-Шафоат ягона духтари синфамон буд, ки овози артистӣ дошт, ӯро дар район таъриф карда буданд,-оби чашмонашро пок кардаистода, ба модараш мегуфт Хайрӣ, ки дугонаи наздики Шафоат бошд ҳам, сирру асрори ишқи нокоми ӯро пай набурда буд…

Аз дур мошини мусофиркашонии деҳа, ки ҳама мардум онро мешинохтанд, намоён шуд ва пас аз лаҳзае дар назди дарвозаи падари Шафоат қарор гирифт. Аввал бародари калонии Шафоат ва аз паси ӯ падараш, ки се сол боз ҳамсару духтарашро надида буд, берун шуданд. Онҳо бо сари хам ҷасади Шафоати ғуррамаргро аз мошин фароварданд. Бо дидани ин манзараи ҳузнангез занону духтарон ба гиря сар карданд. Нолаи онҳо аз рӯи таомул набуд, ин гиря аз қаъри дили ҳамдеҳагон бархоста буд, зеро Шафоат дар пеши назарашон калон шуда буду ҳама ин духтари шӯху зебои андаке якравро дӯст медоштанд. Барои аҳли деҳа бовар кардан ба ин ҳақиқати талх, ки чунин як духтари паричеҳраю шӯхчашми бебок аз дунё гузаштааст, бисёр душвор ва дарднок буд.

-Дар пешониамон нағунҷид,-мегуфт падари гирёни Шафоат, ки шаби гузашта аз Русия баргашта буд ва ҳамдеҳагон ҳоло дар симои ӯ на як марди чаққону миёнсолеро, ки ду-се сол пештар дида буданд, балки як мӯйсафеди солдида ва ғамдидаеро медиданд.

Ин суханонро ӯ ба хешу ақрабо ва ҳаққу ҳамсояҳое, ки акнун барои тасаллӣ додани ваю аҳли хонаводааш ҷамъ омада буданд, мегуфт. Яке аз ҳамдеҳагон ин падари ғамзадаро андаке бошад ҳам, тасаллӣ доданӣ шуда, овоз баланд кард:

-Шукр кунед, ки ба ҷои духтари гумкардаатон духтари 23 сол пеш аз даст додаатонро ёфтед...

Мӯйсафед қомати дар ин ду рӯз хамгаштаашро андаке бардошта, оромона гуфт:

-Ману очааш кайҳо дасту диламонро аз он духтарамон шуста будем ва ман ҳоло ҳам ба ҷуз Шафоати нокомам дигар касеро “духтарам” гуфта наметавонам. Он духтаре, ки шумоён мегӯед, шояд дар ҳақиқат ҳамон духтари гумкардаи мо бошад, вале ҳаргиз вай ҷои Шафоати маро гирифта наметавонад. Ман дар шаҳр ба ӯ гуфтам, то замоне, ки ғаму андуҳи ман камтар нашавад, ба назди ман “дада” гуфта наояд. Шояд ягон вақт ғаму дардам камтар шуда, ӯро ҳамчун духтар қабул кунам, вале айни замон ман ягона духтарамро ба хок супорида истодаам. Шафоати ман ягона буд ва имрӯз ин ягонаам аз ман меравад...

Ҳасратмоҳ ин суханони шавҳарашро шунида, оташи аламҳояш аз нав аланга зад ва худро ба рӯи ҷасади Шафоат андохта, бо тамоми овоз нолакунон гуфт:

-Дадаат рост мегӯяд, духтарҷонам, касе ҷои туро гирифта наметавонад. Э вой духтараме.... Шафоатамее ...

(Анҷомашро фардо интизор бошед!)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД