Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 82)
07.04.2020
А. ҲОҶӢ
2687

(Давомаш)

Аз гӯшаи лабони Шафоат хун мерехт ва қафаси синааш беист болою поин мешуд. Марди миёнсоле, ки сари ӯро рӯи зонуяш гузошта буд, лабони хунолуди духтарро бо рӯймолчааш тозакунон мегуфт:

-Тоқат кун духтарҷон, ана духтур омада истодааст. Ҳеҷ гап не, андаке зарб хӯрдаию халос. Ман ҳайрон, ки чаро ту аз пеши мошини тез омадаистода гузаштанӣ шудӣ? Ман ҳамаашро дидам, ин ҷо ронанда гуноҳе надорад. Айби худат шуд, духтарҷон...

Аввалин шуда ба сари маҷруҳ доктор Салим омада расид ва зуд аз гарданаш асбоби дилсанҷиро гирифта аз болои куртаи Шафоат онро ба ҷое, ки дил воқеъ буд, гузошту лаҳзае ба таппиши дили духтар гӯш дода, бо аломати афсӯс сарашро ҷунбондан гирифт. Ин дам Ҳасратмоҳ ба болои ҷисми нимҷони Шафоат расид. Ранги оҳакмонанду чашмони ҳаросони духтарашро дида, ӯ мисли дигар модарон худро ба боли фарзандаш напартофт. Вай беҳису бемадор дар ҷояш нишаста монд ва бехудона зери лаб пичиррос зад:

-Акнун ман ба падарат чӣ мегӯям? Ту чӣ кор кардӣ, духтарҷонам?

Доктор пас аз муоинаи кӯтоҳ аз боли сари маҷруҳ бархоста гуфт:

-Ӯро ба таври таъҷилӣ ҷарроҳӣ кардан лозим, аммо дар бемористони мо чунин шароит нест. Фавран ӯро ба шаҳр бурда ҷарроҳӣ кардан лозим аст, агар то он вақт зинда монад...

Ронандаи мошини сиёҳшишаи “Мерседес”, ки аз ҳалқаи одамони дар болои сари маҷруҳ ҷамъомада андаке дуртар меистод, назди доктор Салим омада бо сари хам гуфт:

-Ин духтар чӣ тавр ба зери мошини ман даромад, худам ҳам нафаҳмида мондам. Духтурҷон, ман ӯро то Қарияи Боло мебарам, ҳамагӣ ду соат вақт меравад. Илтимос, ягон духтур ё ҳамшираи шафқатро бо мо ҳамроҳ кунед, то дар роҳ ба ӯ кӯмак расонад...

-Акнун ба ӯ танҳо Худо кӯмак расонида метавонад, аммо кӯшиш карда дидан мумкин. Хайр майлаш, зуд аз дарун як кампал оред,-супориш дод доктор ва баъд ба Маҳина, ки ҳанӯз бинт ва сӯзандоруи зидди дард дар даст меистод, гуфт,-Духтарҷон, доруятро ин ҷо биёр ва зуд ба ин мошин савор шав, ҳамроҳи маҷруҳ то Қарияи Боло меравӣ. Дар роҳ чӣ кор мекунӣ, ман мефаҳмонам. Ба ҳар ҳол то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст мегӯянд...

Фирӯз ва Садоқат, ки аз чунин ранг гирифтани кор сари калобаашонро гум карда буданд, ҳайрон-ҳайрон ба ҳамдигар менигаристанду халос. Марди миёнасоле, ки дар вақти ҳодиса аввалин шуда ба сари Шафоат омада буд, зери лаб дуо мехонд ва пас аз бархостан аз ҷояш ба он ҷавони ронанда нигоҳ карда гуфт:

-Ман намедонам тақдири ин духтарак чӣ мешавад, вале ту дар ин ҷо гуноҳе надорӣ писарам. Инро ман дар ҳама ҷо мегӯям…

-Инро мо ҳам медонем,-гапи мӯйсафедро тақвият дод доктор Салим, зеро ӯ аз аввалин лаҳзаҳо фаҳмида буд, ки Шафоат худашро қасдан ба зери чархи мошин партофтааст. Ин гумонро Фирӯз ва Садоқат ҳам дар қалби худ доштанд, вале ифшо намекарданд.

...

Шафоат чашмонашро калон-калон кушода ҳаросон ба ҳар тараф менигарист. Духтараки дар талвосаи ҷон буда бо нигоҳаш гӯё касеро мекофт. Ниҳоят чашмаш ба модари дар рӯи замин нишастааш афтоду чашмонаш аз ҳаракат бозмонданд. Ҳасратмоҳ аз ҷояш андаке ҷунбида ба духтараш наздиктар шуд.

-Оча, очаҷоон, маро мебахшӣ. Шири сафедатро бубахш очаҷон, охир ман ба сарат ин қадар бадбахтӣ овардам... Очаҷооон, ман мемурам...

Модар беист ва беовоз мегирист. Кампалеро оварда, бо эҳтиёт ҷисми маҷруҳи духтарро рӯи он гузоштанд ва дари қафои “Мерседес”-ро боз намуда, хостанд Шафоатро ба он бор кунанд. Ин дам поҷомаи пои рости духтар ба монеае дармонда, то зону боло шуд ва чашми Садоқат ба холи секунҷаи дар рӯи пӯсти сафеди Шафоат дурахшон афтиду вай беихтиёр хам шуда, поҷомаи худро андаке боло кард ва тақрибан дар ҳамон ҷое, ки холи пои Шафоат буд, айнан чунин холро дар пойи худаш намоён кард ва беихтиёр зери лаб “тавба...” гуфта монд.

Дар нишастгоҳи қафои “мошини гунаҳгор” сари духтарашро рӯи зонуяш гузошта Ҳасратмоҳ нишаст ва дар нишастгоҳи пеш Маҳина. Мошин бо суръат аз ҷои худ ба ҳаракат даромад. Акнун ҳаёту мамоти Шафоат дар дасти ронанда буд ва тавре, ки доктор Салим гуфт, “ҳаволааш ба Худою вале барои зинда монданаш кӯшиш кардан лозим...”...

***

-Фирӯз, як гап гӯям хафа намешавӣ?

-Не апа, ҳар чи мехоҳӣ пурсидан гир, вале гап дар бораи ба назди Муртазо даромадан бошад, ман кӯмак карда наметавонам. Духтур ба назди ӯ даромаданро қатъиян манъ кардааст. Мон, андаке ба худ ояд, баъд ҳамроҳи Иқбол ба наздаш медароед. Худат дидӣ, ки як сухани ин духтари касофат ба чӣ оварда расонд...

-Дар ҳаққи Шафоат гапи пасту баланд назан, додарҷон. Ӯ як духтари ҳанӯз хеле ҷавон аст, гумон кардааст, ки ишқу ошиқӣ иборат аз кайфу сафои яклаҳзаина аст. Кӣ медонад, шояд ӯ ҳатто дигар зинда намонад, худат дидӣ- ку,-инро гуфта Садоқат инони гиряро сар дод.

-Апаҷон, ба ту чӣ шуд? Биё, ин ҷо шинем,-Фирӯз аз китфони апааш гирифта, ӯро ба нишастгоҳи саҳни ҳавлии бемористон овард.

Ин дам модарашон, ки аз дасти Иқбол гирифта аз дари беморхона мебаромад, ба назди онҳо омад ва чашмони гиряолуди духтарашро дида бо ҳайрат пурсид:

-Ба ту чӣ шуд Садоқат? Дилат ба ҳамон духтараки берӯзӣ сӯхт? Дуруст мекунӣ духтарам, ҳатто ба душманат ҳам бояд дилат сӯзад...

Садоқат андаке дуртар нишаста ба модараш ҷой дод ва бо рӯймолча чашмони пурашкашро пок кардаистода ба андеша фурӯ рафт.

-Апаҷон, аз ман чизеро пурсиданӣ будӣ,-ба ёди Садоқат овард Фирӯз.

-Не, ҳамту як гапро пурсам гуфтам,-Садоқат чашмашро гурезонда, риштаи суҳбатро ба дигар тараф бурд,-Маълум, ки духтур барои ба назди Муртазо даромадан дигар иҷозат намедиҳад. Беҳтар нест, ки ба шаҳр баргардем?

-Рост мегӯӣ, духтарам. Додарат ҳам аз кораш монда истодааст...

Онҳо аз ҷояшон бархоста, ба тарафи мошини Фирӯз равон шуданд. Дили Садоқат бисёр мехост, ки бо модараш сари мавзӯи аз куҷою аз кадом қавм будани худаш суҳбат кунад, вале аз бародараш Фирӯз истиҳола мекард, зеро намехост вай апаи худаш набудани ӯро фаҳмад. Холи секунҷаи чун ду қатра об ба холи пои худаш монанди Шафоат ӯро тамоман беқарор карда буд...

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД