Arzon march 2024
Казан – кабоб
4184

 

Маҳсулоти лозима:
Гӯшти гов ё гӯсфанд – 500 гр;
Равғани думба – 100 гр;
Картошка – 10дона;
Пиёз – 3 дона;
Зира, намак, мурч, кашничи кӯфт – мувофиқи табъи худ

Тарзи таҳия:
Аввал ба дег каме равған рехта, пиёзро мезирбонем ва аз дег пурра мегирем, баъд думбаро то хуб пӯхтанаш таф дода, онро ҳам дар зарфи дигар мегирем. Гӯшт ва картошкаро низ ба ин тартиб дар алоҳидагӣ бирён карда, аз дег мегирем ва дар зарфи дигар мегузорем. Ба деги холишуда қабат ба қабат пиёз, думба, гӯшт ва картошкаро чида, зиравориҳоро мепошем ва муддати 1 соат дар оташи паст дам мепартоем.

Ба шумо иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД