Анора худашро пур карда, он қадар соҳибҷамол шуда буд, ки шавҳараш ҳаргиз фикри ҷудоиро аз ӯ надошт. Ҳар гоҳе сухан дар бораи бефарзандӣ равад, Парвизшоҳ ӯро тасалло дода мегуфт, ки агар табобатҳо натиҷа надиҳанд, фарзанд ё набераи ягон бародарамро гирифта, калон мекунем.
Зайнабхон ҳам ҳамин фикрро дошту аз келини панҷумаш, ки духтари хоҳараш буд, хоҳиш кард то фарзанде ба дунё оварда ба Парвизшоҳу Анора диҳад. Анораро на сарвату боигарӣ дигар карду на шаҳру кору бор, ӯ ба пули шавҳар эҳтиёҷ надошт, зеро худаш пули хуб меёфт. Сари чамбараки мошини қимматбаҳо моҳи оламтобро мемонд, нозанин буд ва дар панҷ вақт намозаш Худоро зорӣ мекард, ки барояш фарзанде ато намояд. Парвизшоҳ, ҳамсарашро зиёд дӯст медошт ва ба насиҳатҳои рафиқону бародари калонияш, ки аз ӯ хоҳиш мекарданд зани дуюм гираду соҳиби фарзанд шавад, асло розӣ намешуд. Ӯ хоки пои Анораашро ба сад нозанин иваз намекард, вале…
Парвизшоҳ аз ҷои кораш ба сафари хидматӣ ба хориҷа рафт, он ҷо баъди семинару машваратҳо худро ба табибон нишон доду маслиҳат гирифт. Як табиби машҳур ба вай тавсия дод, ки ҳамроҳи ҳамсарат биё, баъди табобати ман кафолатнок аст. Парвизшоҳ хурсанд шуд ва ҳамроҳи рафиқаш Бегиҷон, ки ҳамроҳ ба ин сафар омада буданд, ба тарабхона рафтанд. Он ҷо ду духтари сиёҳпӯст, ки хеле зебо ва ба моделони машҳур монанд буданд, ба онҳо часпиданд. Бегиҷони занбоз ба ҷону ҳоли рафиқи эшонзодааш намонда, «марворидҳои сиёҳ»-ро ба ҳотеле овард, ки он ҷо истиқомат мекарданд….
Баъди ба охир расидани сафари хидматӣ, Парвизшоҳу Бегиҷон ба Ватан баргаштанд, дили ҷавонмард хиҷил буд, зеро дар умраш аввалин бор ба ҳамсараш хиёнат карда буд. Хабари хуши табиби хориҷӣ Анораро хурсанд кард ва зану шавҳар барои сафар ба хориҷа тайёрӣ медиданд. Қарор доданд, ки баъди ба рухсатии меҳнатӣ баромадани Парвизшоҳ ба сафар мебароянд, вале…
Ташхиси хуни барои табобати дандон супоридаи Анора муайян кард, ки ӯ гирифтори бемории вирусӣ аст. Ҷавонзан аз ҳуш рафт ва такрор ба такрор хун супорид, чун муайян шуд, ки ӯ бемор аст, ба шавҳараш хабар дод. Анора бо духтурон машварат намуда, дар ҳайрат буд, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ ба шавҳар хиёнат накарда буд. Парвизшоҳ баъди шунидани ин хабар чанд рӯз мисли савдоиён гашт ва оқибат дар хуни ӯ низ беморӣ ошкор гардид. Ҷойи пинҳон кардан набуд ва ӯ қиссаи фоҳишаҳои зангиро ба занаш нақл кард, Бегиҷон хабари бемории ҷӯраашро шунида, аз ташхис гузашт, вале ӯ солим баромад. Парвизшоҳ ба ин фалокат тоб наоварда, худашро дар ташноби ҷойи кораш овехт. Анора бошад, ба хешу табораш сабаби худкушии шавҳарро нақл кард. Аз Анора ҳама мегурехтанд, ҳарчанд табибон ӯро зери назорат гирифта, ба атрофиён безарар буданашро ба вай мефаҳмонданд, аммо ӯ бепарво буд. Касе намедонист, ки ин зани оқилаву порсои барои ҳаваси яклаҳзаинаи шавҳар ба ин бало гирифторшуда дар дил чӣ мақсад дорад?! Анора дӯкони дӯзандагияшро ба савдо монду хонашин шуд, бародаронаш аз авҳолаш хабар мегирифтанд, модари ҷигарсӯхтааш омада, ҳамроҳаш меистод, вале Анора одамгурез шуда буд. Чанд шаб ба мошинаш нишаста, ба гардиши шаҳр мебаромад, дар тарабхонаҳо нишаста, мардони айёши занбозро шикор карда, ба хонааш меовард, ӯ қасосашро аз мардони ҳавасбоз гирифтан мехост, рӯҳи бону бемор шуда буд. Шикораш то он рӯзе давом кард, ки ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯйи нишондоди як марди бемор дастгир карданд. Ин тоҷири баландмартаба худашу занаш сироят ёфта буданд…
Анораи нозанин дар боздоштгоҳ худашро бо рӯймолаш буғӣ карда кушт. Модару хушдомон ва янгаи калонияш дар сари қабристон хайма заданду мурдаашро шӯста, такфин карда, ба хок супориданд. Мардум овозаҳои зиёд паҳн карданд, ки гӯё мурдааш сип-сиёҳ шудаасту хушдоманаш аз тарс девона шудааст, аммо ин тавр набуд…
Кампири Зайнабхон нолаҳои зор-зор мекард ва оқибат ба бемории рӯҳӣ печид, ду бародар бо ҳам қаҳрӣ аз олам рафтанд. Гӯри Анора дар як гӯшаяки гӯристон воқеъ аст, сари гӯраш ҳатто аламчӯб надорад…
Нисо Холид