arzon replenishment
КАСОФАТ
08.05.2021
Оила
7511


Васияти модар
Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, модарам бемор буд. Бо сабаби беморияш падарам ӯро партофта, думболи зани дигареро гирифта рафт. Холаам хонаи моро фурӯхта дар шафати хонаи худаш бароямон хонаи дуҳуҷрагии зебое харид, то мудом аз ҳоли ману модарам бохабар бошад. Ҳафтсола будам, ки аҳволи модарам тамоман бад шуда монд. Лабонаш каб-кабуд мешуданд ва беҳушу беёд рӯйи фарш меафтид. Ёд дорам, рӯзи дуюми ноябр модарам як бало карда аз ҷояш хест ва дастурхони идона ороста пайвандонашро ба зодрӯзи ман даъват кард. Холаам бо шавҳару писараш, тағою янгаам ҳамроҳи духтарчаҳояшон бо туҳфаҳо омаданд. Бибию бобоям вафот карда буданд ва холаю тағоям модарамро ба ҷойи модарашон медонистанд. Дар сари дастархон модарам ба холаам нигариста гуфт:

-Шаҳдияҷон, мабодо бо ман ягон гап шавад, духтаракамро ба тую туро ба Худо месупорам. Барояш модар шав, духтарамро хонон ва ба шахси дӯстдоштааш ба шавҳар деҳ…
-Апаҷон, диламро хун накунед,-гӯён, холаам гирист…

Эркаи хола
Як моҳ пас модари дардкашидаи бадбахтам оламро падруд гуфту холаву язнаам маро ба фарзандӣ қабул карда ба хонаашон бурданд. Бемодарӣ албатта аламовар буд, вале холаам намегузошт, ки ман худро танҳову бе кас эҳсос намоям, писараш Далер бошад, пушту паноҳам гашта, ба қавле чашмони касеро, ки ба сӯйи ман каҷ нигоҳ мекард, аз косахонаи сараш канда мегирифт. Ҳамин тавр мани ятимча дар хонаи холаам бо эркагиҳо ба воя расида, духтари зебое шудам. Писархолаам Далер мехост мисли падараш ҷарроҳ шавад, бинобар ин, баъди хатми мактаб ба Маскав хонданӣ рафту маро бошад холаю язнаам ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил карданд. Азбаски холаам солҳои охир аз дарди дил азият мекашид, ман ғоибона мехондаму ба нигоҳубини ӯ машғул будам. Ҳар вақте дардаш хурӯҷ мекард, холаам зор-зор гириста мегуфт:

-Худоё, ҳамин қадар умрам деҳ, ки ҳамин ятимакамро ба шавҳар дода, васияти апаамро иҷро кунам, бас аст. Духтарашро хонадор накарда мурам, дар он дунё ба рӯйи апаи сиёҳпичаам чӣ хел нигоҳ мекунам-а?

Дар хизмати язна
Баръакси холаам шавҳараш бардаму боқувват буд ва аз рафтораш аён шуда меистод, ки бемории занаш ба вай маъқул нест. Кӯшиш мекардам, ки тамоми шароитро барои язнаам фароҳам биёрам, то ӯ норизогияшро ба холаи беморам нишон надиҳад. Як рӯз ҳолати холаам бад шуду ӯро ба духтур бурданд. Азбаски ҳолаш вазнин буд, ман низ ҳамроҳи холаам дар беморхона хобида ӯро парасторӣ мекардам. Се рӯз пас холаам каме ба худ омада гуфт:

-Мунисаҷон, рафта дар хона сару рӯятро шӯю камтар дам гир, дар ин чанд рӯз бо мани бемор бардорузан карда, монда шудӣ духтарам.
Гапи холаамро ба замин нагузошта рафтам. Кошкӣ намерафтам…

Дар чанголи бало
Хонаҳоро рӯфтаю шуста тозаю тамиз кардам ва барои шом хӯрок пухтаму сару танамро шуста хостам ба беморхона равам, вале язнаам аз кор баргашта гуфт:

-Мунис, ман барои холаат аз тарабхонае хӯрок бурдам, имшаб ту дар хона дам бигир…
Ҳамроҳи язнаам дукаса ғизои шом хӯрдем, баъд ӯ назди телевизор нишасту ман бошам ба хонаи хоби худам даромадам. Азбаски сахт монда шуда будам, дарҳол хобам бурдааст. Як поси шаб вазниниеро дар болоям эҳсос карда дод зада бедор шудам. Язнаи палидам маро бо ҷуссаи бузургаш ба бистар зер карда бӯсаборон мекард. Дод задам, гиря кардам, зориву илтиҷо намудам, ки маро раҳо кунад, вале он худозада домони исматамро зӯран доғдор кард. Шахсе, ки маро духтар хонда буд ва ман низ ӯро дада мегуфтам, ба васвасаи шайтон дода шуда, ҳаёти мани ятимро барбод дод ва дар дилам доғи сӯзоне ниҳод …

 

Сирри нангин
Рӯзи дигар бемориямро баҳона карда ба аёдати холаам нарафтам, зеро худамро дар назди ӯ гунаҳгор эҳсос мекардам. Язнаам бегоҳ аз кор баргашта маро боз зӯран ба оғӯш гирифт ва аз гарданам бӯсида гуфт:

-Майдача, холаатро пагоҳ ҷавоб медиҳанд, агар мурданашро нахоҳӣ, дар бораи шаби гузашта ба вай ягон чиз нагӯй!

Дигар бо он ифлос дар як хона монданро ба худам эб надида ба беморхона рафтам ва шабро ҳамроҳи холаам рӯз кардам, вале ба саволҳояш дар бораи ранги кандаву овози гирифтаам чизе нагуфтам…

Хандаи бахт

Холаамро аз беморхона ҷавоб доданду рӯзи дигар як дугонаи модарам барои писараш маро хостгорӣ кардан омад.

 

ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД