Салом! Ман ҷавони 25-сола ҳастам ва ният дорам имсол ба Кореяи Ҷанубӣ ё ягон давлати Арупо ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Мегӯянд, дар ин давлатҳо бештар сваршику этектрикҳо заруранд ва маоши баланд мегиранд. Мехостам донам, ки ин касбҳоро дар куҷо омӯхтан мумкин аст?
САДРИДДИН, аз шаҳри Ҳисор
Посух:
- Дар ҳақиқат дар бозори меҳнати Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо талабот ба касбҳое, ки шумо дар боло номбар кардаед, хеле зиёд аст, аммо барои соҳиби кори муносиб ва сердаромад гаштан муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз нигоҳи касбӣ хуб тайёр бошанд.
Тавре Солеҳа Холмадмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, аз моҳи апрели соли 2025 сафарбарсозии муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ оғоз меёбад. Дар навбати аввал, ба Кореяи Ҷанубӣ кафшергарон – сваршикҳо ба кор фиристода мешаванд. Муҳоҷират ба Корея ду талаботи асосӣ дорад: омодагии касбӣ ва донистани забони кореягӣ.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо мақсади тайёр кардани муҳоҷирони тоҷик барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ Марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ таъсис додааст. Дар ин марказҳо шумо метавонед касбу ҳунарҳои зеринро омӯзед:
1. Барқсоз (электрик)
2. Челонгар (сантехник)
3. Кафшергар (сварщик)
4. Устои батареяҳои офтобӣ
5. Андовагар (штукатурщик)
Дар баробари омӯхтани касбу ҳунарҳои мазкур шумо метавонед ҳамчунин забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягиро азхуд кунед. Омӯзиш комилан ройгон буда, аз шахсоне, ки мехоҳанд ин касбу ҳунарҳоро омӯхта, сатҳи забондонии худро баланд бардоранд ва ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, маблағ талаб карда намешавад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумо метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: +992-92-799-48-98