Commerce bank may-june 2026
Касбият - сарчашмаи эътимод
16.07.2026
Oila.tj
39

Дар ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» озмуни маҳорати касбӣ баргузор гашт

Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе барои кормандони ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» озмуни маҳорати касбӣ баргузор гашт.

Масъулини ширкат мутмаинанд, ки хизматрасонии босифат ва фаъолияти бехатар пеш аз ҳама ба касбияти баланди кормандон вобастагӣ дорад. Аз ҳамин хотир, бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандон ҳамасола чунин чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Озмуни мазкур танҳо як мусобиқа набуда, ба мактаби такмили ихтисос, табодули таҷриба ва рушди нерӯи инсонӣ табдил ёфтааст. Озмун беҳтарин мутахассисони ширкатро гирд оварда, имкон фароҳам меорад, ки донишу малакаи худро нишон диҳанд, таҷрибаи ҳамдигарро омӯзанд ва ба дастовардҳои нави касбӣ ноил гарданд.

Имсол дар озмун 300 нафар корманди ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, сатҳи баланди дониш, таҷриба ва омодагии худро дар самтҳои гуногуни фаъолият ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиёни озмун дар вазифаҳои гуногун кор карда, таҷриба ва тавофути синнусолӣ доштанд, аммо ҳамаи онҳоро ҳадафҳои муштарак, аз қабили масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва талош баҳри хизматрасонии босифат ба мизоҷон муттаҳид карда буд.

Озмун аз ду марҳила сурат гирифт. Дар даври аввал иштирокчиён дониши назариявии худро нишон доданд ва аз байни 300 нафар танҳо 42 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, давоми чор рӯз маҳорати амалии худро дар шароите нишон доданд, ки ба фаъолияти ҳаррӯзаи истеҳсолӣ хеле наздик буд.

1_33

Аввалин шуда ронандагони мошинҳои ҳамлу нақли сӯзишворӣ барои унвони «Беҳтарин ронанда» рақобат намуданд. Ронандагӣ масъулияти бузургро талаб мекунад, зеро онҳо ҳамлу нақли бехатар ва саривақтии маҳсулоти нафтиро таъмин менамоянд. Иштирокчиён малака ва маҳорати худро дар иҷрои машқҳои гуногун, аз ҷумла таваққуфи мувозӣ, ҳаракат аз масири «моршакл» ва амал дар ҳолатҳои фавқулодаи шартӣ, аз қабили боздоштани саривақтии воситаи нақлиёт дар роҳи лағжонак нишон доданд ва малакаи расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва хомӯш кардани сӯхтори шартиро низ ба намоиш гузоштанд.

1_34

Дар рӯзи дуюми озмун навбат ба мутахассисони назорати сифат ва метрология расид. Маҳз онҳо кафолат медиҳанд, ки сӯзишворӣ дар тамоми марҳилаҳои интиқол - аз қабули он дар анборҳои нафтӣ то расидан ба истеъмолкунанда ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ бошад. Қобили зирк аст, ки дар ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» лабораторияи муосири назорати сифати сӯзишворӣ фаъолият мекунад, ки бо таҷҳизоти сертификатсияшуда муҷаҳҳаз буда, сифати бензин ва сӯзишвории дизелиро мутобиқи стандартҳои амалкунанда месанҷад.

1_35

Шабнам Худобахшова, лаборанти таҳлили химиявии дараҷаи 4 мегӯяд: «Ҳамаи супоришҳои озмун ба фаъолияти воқеии мо хеле наздик буданд. Барои мо ин танҳо рақобат нест, балки имконияти такмил додани маҳорати касбӣ мебошад. Иштирок дар озмун имкон дод, ки ҳам донишамонро нишон диҳем ва ҳам бо усулҳои нави кор шинос шавем».

Дар ду рӯзи баъдӣ кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳорати худро нишон доданд. Маҳз онҳо ҳамарӯза бо ҳазорон мизоҷ рӯ ба рӯ шуда, симои ширкатро муаррифӣ мекунанд.

1_36

Имрӯз корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ танҳо фурӯшанда нест. Ӯ бояд хусусиятҳои намудҳои гуногуни сӯзишвориро донад, бо таҷҳизоти техникӣ дуруст кор карда тавонад, қоидаҳои бехатариро риоя намояд, дар ҳолатҳои фавқулода амалҳои заруриро анҷом диҳад ва дар ҳама гуна вазъият ба мизоҷ хизмати босифат расонад.

1_37

Ба гуфтаи Парвиз Сулаймоншоев, роҳбари қитъаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Газпром нефт - Тоҷикистон», «озмуни маҳорати касбӣ имконият медиҳад, ки ҳар як корманд сатҳи рушди касбии худро арзёбӣ кунад ва таҷрибаи ҳамкасбонро омӯзад. Махсусан омӯзиши амалии расонидани ёрии аввал хеле муҳим аст, зеро амнияти кормандон ва мизоҷон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти мо қарор дорад».

Бо вуҷуди рақобат озмун дар муҳити дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гашт. Иштирокчиён ҳамдигарро дастгирӣ намуда, аз муваффақияти ҳамкасбони худ самимона истиқбол мекарданд.

Ҳамаи иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм давоми як сол ба ғайр аз маошашон ҳар моҳ иловапулӣ мегиранд. Бар замми ин, ба ҳайати захираи кадрии ширкат шомил гашта, метавонанд ҳамчун устод кормандони ҷавонро роҳнамоӣ кунанд.

Озмуни маҳорати касбӣ бори дигар нишон дод, ки ширкати «Газпром нефт - Тоҷикистон» пеш аз ҳама ба дониш, масъулият ва касбияти баланди кормандонаш такя мекунад. Сармоягузорӣ ба рушди нерӯи инсонӣ, риояи меъёрҳои баландтарини сифат ва фарҳанги бехатарӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкат буда, маҳз ҳамин омилҳо эътимоди ҳазорон муштариро дар саросари Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД