Formula novemver 2024
Касалии қанд аз модар ба фарзанд мегузарад?
546

Модар касалии қанд бошад, фарзандонаш ба диабет гирифтор мешаванд?

Диабети қанд яке аз бемориҳои паҳншуда дар сайраи Замин ба ҳисоб меравад ва айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 миллион одамон ба ин касалӣ гирифторанд. Дар кишвари мо низ шумораи мубталоёни диабети қанд сол то сол меафзояд. Ба хотири кӯмак ба шахсоне, ки ба ин касалӣ гирифторанд, мо бо Мирализода Абдулло, мудири шӯъбаи эндокринологияи калонсолони Маркази тибии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов дар боби сабабҳои пайдоиши диабети қанд ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ сӯҳбати судманде оростем, ки фишурдааш манзури шумо-хонандагони азиз мегардад.

-Диабети қанд чи гуна беморист ва чаро шумораи гирифторони ин касалӣ сол то сол бештар мешавад?

-Диабети қанд бемории полиэтиологӣ, яъне бисёрсабаба ба шумор рафта, дар курраи Замин беш аз 529 миллион одамон ба ин касалӣ гирифторанд. Диабети қанд ба навъҳо тақсим мешавад, диабети қанди навъи 1, диабети қанди навъи 2, инчунин диабети дестатсионӣ, ки дар давраи ҳомиладорӣ дар зани ҳомила пайдо шуда, баъди таваллуд худ аз худ нест мешавад ва лейд-диабет-бемориҳои ирсӣ, ки камшумор мебошанд.

-Диабети қанд бештар аз чӣ пайдо мешавад?

- Сабаби асосии пайдоиши диабети қанд ин омили ирсӣ аст,вале пурхӯрӣ, стрессу асабонияти зиёд ва камҳаракатӣ низ боиси ба ин касалӣ гирифтор шудан гашта метавонад.

-Диабети қанди навъи 1 аз навъи 2 чи фарқ дорад?

иабети қанди навъи 1 ин бемории автоиммунӣ мебошад. Бета-ҳучайраҳое, ки дар ғадуди зери меъда вуҷуд доранд, инсулинолфар мебошанд. Вақте ки онҳо ба пуррагӣ маҳв, яъне нобуд мешаванд, кас ба диабети қанди навъи 1 гирифтор мегардад. Диабети қанди навъи 1 бештар дар кӯдакону наврасон дида мешавад. Ба диабети қанди навъи 2 одамони аз 35-сола боло бештар гирифтор мегарданд. Хатари гирифтор шудан ба диабети қанд дар одамони вазни зиёдатӣ дошта, яъне фарбеҳ бештар аст.

-Кадом нишонаҳо аз гирифтор шудан ба касалии қанд дарак медиҳанд?

-Нишонаҳои асосии диабети қанд инҳоянд:

1. Тез-тез ташна мондан. Мариз бисёр об менӯшад, вале ташнагиаш намешиканад.

2. Хушк шудани забон

3. Пурхӯрӣ ва сершавии худро эҳсос накардан.

4. Дар гирифторони диабети қанди навъи 1 камшавии босуръати вазни бадан ба мушоҳида расида, дар бадали як-якуним моҳ бемор метавонад 10-15 кг хароб шавад. Шахсоне, ки ба диабети қанди навъи 2 мубтало гаштаан д, дар онҳо вазни бадан оҳиста-оҳиста кам мешавад.

-Дар бораи роҳҳои табобати диабети қанд каме маълумот медодед?

-Табобати диабети қанд асосан бо ду усул ба роҳ монда мешавад, ҳаббӣ-таблеткагӣ ва терапияи инсулинӣ, яъне гузаронидани инсулин бо воситаи сухандорӯ ба бадани бемор. Шахсоне, ки ба диабети қанди навъи 1 гирифторанд, бояд то охири ҳаёт табобати инсулинӣ гиранд, зеро ғадуди зери маъда ба таври мутлақ инсулин ҳосил намекунад. Барои гирифторони диабети навъи 2 бошад, ҳабҳои махсусро таъин менамоянд, ки дар соатҳои муайян бемор бояд ин доруҳоро қабул кунад.

-Мегӯянд, ки диабети қанд касро ба бенасилӣ бурда мерасонад...?    

-Агар гирифторони диабети қанди навъи 1 ва 2 ба парҳез риоя карда, доруву дармони фармудаи табибонро сари вақт бигиранд, ғизои солим хӯранд ва аз машқҳои ҷисмонӣ истифода баранд, ҳамчун одамони солим метавонанд умри дароз бубинанд ва соҳиби фарзанд гашта, ҳаёти хушбахтона ба сар баранд. Дар сурати ба парҳез риоя накардан ва табобат нагирифтан дар ҳақиқат баъзе мушкилиҳо пеш омада метавонанд.

-Барои пешгирии диабети қанд чӣ бояд кард?

- Барои пешгирии диабети қанд пеш аз ҳама инсон бояд ҳаёти солим ба сар барад. Аз истъмоли ғизоҳои серравған, махсусан равғани ҳайвонот, хамирӣ ва ширинии бисёр худдорӣ намуда, бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол намудан лозим аст, то ки организм бо витаминҳои зарурӣ таъмин гардад. Сарфи назар аз ташнагӣ оби зиёд бинӯшед ва бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Пиёдаравӣ низ хеле фоиданок аст, зеро ба камшавии вазни бадан мусоидат карда, омили асосии ин беморӣ-фарбеҳиро пешгирӣ менамояд.  

-Дар оғози сӯҳбат шумо ишора кардед, ки диабети қанд асосан ирсӣ мешавад. Мегуфтед, ки беморӣ аз модар мегузарад ё аз падар ҳам гузашта метавонад?

-Модар ба диабети қанд гирифтор бошад, писарҳо ҳатман бояд аз ташхиси диабет гузаранд. Падар диабети қанд дошта бошад, хатари гирифторшавӣ ба касалии қанд дар духтарон зиёдтар ба мушоҳида мерасад. Оилаҳое, ки фарзандашон мушкили фарбеҳӣ дорад, ҳатман бояд ҳар 3 моҳ як маротиба фарзанди худро аз ташхис гузаронанд ва қанди хунашро санҷанд, зеро дар шахсоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, баъзан шакли пинҳонии (скрытая форма) диабети қанд пайдо шуда, беморӣ бе ягон аломат ҷараён мегирад.

-Барои маслиҳатҳои судманд як ҷаҳон ташаккур!

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД