Arzon march 2024
Картошка - фри одамро ба диабети қанд гирифтор месозад?
18.09.2024
ОИЛА.ТҶ
739

Салом! Ман аз давраи кӯдакӣ картошкабирёни қоқак - фриро дӯст медорам. Кӯдаконам ҳам ба худам рафтаанд ва ҳамеша фри мехӯранд. Модарам маро сарзаниш карда мегӯянд, ки оқибат аз фрихӯрӣ ҳам худам ва ҳам кӯдаконамро бемор мекунам. Магар фри ягон зарар дорад?

ФАРИЗА, сокини шаҳри Турсунзода

Посух:

- Картошка худ сабзавоти ғизонок аст, баъди дар равған пухтану ба картошка - фри мубаддал шуданаш таъсирнокии он дучанд мегардад. Картошка - фри сабаби сар задани бемории диабет шуда метавонад, зеро дорои индекси баланди гликемикӣ аст.

Нури чашмро хира месозад, тавре таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, акриламиди таркиби картошка ба ҷараёни рушди пардаи чашм таъсир мерасонад.

Картошка - фри сатҳи қандро дар хун баланд гардонида, боиси сар задани фишорбаландӣ мегардад.

Акриламиде, ки дар таркиби картошка фри вуҷуд дорад, дар дуди сигор низ ҳаст. Дар ҳарорати баланде, ки картошка - фри пухта мешавад, акриламид ба заҳр мубаддал мегардад.

Мунтазам истеъмол намудани картошка - фри хатари сар задани омоси гурда, эндометрияи тухмдонҳоро зиёд мекунад, бинобар ин, ба шумо ва дигар дӯстдорони картошка маслиҳат медиҳем, ки камтар фри хӯрда, бештар ғизои солим истеъмол намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД