arzon replenishment
Карнавали Наврӯзӣ дар Душанбе рӯзи 21-март баргузор мегардад
393


Таҷлили ҷашни Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост омад, бинобар ин, вақти баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе тағйир ёфт.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба Оила.ТҶ гуфт, ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ асосан шомгоҳон баргузор мешаванд.

“Ин тасмим ба хотири он гирифта шуд, ки шахсони рӯзадор тавонанд баъди ифтор дар чорабиниҳои ҷашнӣ ширкат кунанд”, - хабар дод манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи шарифи Рамазон имсол 11-уми март оғоз шуда, то 9-уми апрел давом мекунад. Таҷлили ҷашни Наврӯз, ки аз 19-уми март оғоз шуда, то 21-ум идома меёбад, ба рӯзҳое рост омад, ки аксари аҳолии кишвар аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19-20-уми март чорабиниҳои идона асосан шомгоҳон дар тамоми боғҳои шаҳр баргузор мешаванд.

“Ошпазҳо таъомҳои миллӣ пухта, занон ба пухтани суманак дар дегҳои калон машғул мешаванд”,- хабар дод манбаъ.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, баргузории чорабиниҳои идона дар боғҳои “Куруши Кабир”-и ноҳияи Шоҳмансур, Айнии Исмоили Сомонӣ, Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва Умари Хайёми ноҳияи Сино ба нақша гирифта шудааст.

“Чорабинии асосӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол рӯзи 21-уми март дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.

Зикр шуд, ки дар ин рӯз, тибқи қарори раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ карнавали “Корвони Наврӯз” доир гардида, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругаштҳои идона ташкил карда мешаванд.

Ҳамзамон, рӯзи 22-юми март дар “Боғи Ирам” Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба расму оинҳои ҷашни Наврӯз фестивал ташкил мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД