Бо сабаби авҷ гирифтани коронавирус дар Русия ҳукуматдорони ин кишвар аз 28-уми октябр то 7-ноябр карантин эълон карданд. Дар ин давра фаъолияти аксари корхонаҳои давлатию ғайри давлатӣ манъ карда шудааст.
Мактаббачаҳо ба таътил баромаданд, боғчаҳои бачагона низ муддати 11 рӯз кӯдаконро қабул намекунанд, фаъолияти қариб тамоми корхонаву муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон боздошта шудааст.
Тавре ки “Говорит Москва” хабар медиҳад, ҳатто нуқтаҳое, ки ба иваз кардани равғанучарҳо ва таъмири мошинҳо машғул буданд, дар ин давра кор намекунанд. Ба кошонаи ҳусн ё маҳс рафтанро ҳатто орзу карда намешавад, аммо муассисаҳои тиббӣ фаъолияти худро идома хоҳанд дод. Дорӯхонаҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд ва чизе монеи ба беморхона рафтани беморон намегардад. Дар сурати зарурат мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро бе ягон душворӣ метавон ба хона даъват намуд.
Тарабхонаҳо мизоҷонро қабул намекунанд, вале бе ягон душворӣ аз тарабхонаи наздиктарин хӯрок фармоиш додан мумкин аст.
Аз байни нуқтаҳои савдо танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва марказҳои савдое,ки 30%-и маҳсулоташон маводи ниёзи аввал мебошад, метавонанд дар давраи карантин низ фаъолияти худро идома диҳанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ қатори тамоми сокинони Русия дар давраи карантин бе кор мемонанд.
Ба театр, кино, сирк ё китобхона рафтан мумкин нест, вале одамон метавонанд бе мамоният дар боғ ва боғчаҳо сайругашт кунанд. Шасхони калонсол ва афроде,ки бемориҳои кӯҳнашуда доранд, метавонанд барои гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ муроҷиат намоянд. Волонётрҳо ба ин табақа хӯрок ва дорӯворро то таги дарашон бурда медиҳанд.
Нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолияташро идома медиҳад ва мардум метавонанд аз кортҳои худ бе ягон душворӣ истифода баранд.