Субҳи имрӯз саҳни Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" идгоҳро мемонд. Одамони зиёде аз сари субҳ дар назди ин бинои мӯҳташам ҷамъ омада, бесаброна кушодашавии намоишгоҳи молу маҳсулоти иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023”-ро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят чорабинии бошукуҳ бо садои пурнишоти карнаю сурнай оғоз ёфт.
Маросими расмии кушодашавии намоишгоҳи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023”-ро яке аз ташкилкунандагони асосии ин лоиҳаи бонуфуз, Шаҳноза Ҳамдамова, директори ширкати “Тайрон”, ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии хеш қайд кард, ки лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар партави сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар муддати 10 сол боз амалӣ карда мешавад.
"Мақсади асосии лоиҳа дастгирии соҳибкорони тоҷик ва тарғиби тамғаҳо ва молу маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Тӯли 10 соли фаъолияташ лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” садҳо корхонаҳои хурду бузурги ватаниро тарғиб намуда, ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат мубаддал гаштааст", - гуфт мавсуф.
Қайд гардид, ки имрӯз зиёда аз 30 ширкату корхонаҳои маъруфи ватанӣ молу маҳсулоти хушсифат ва хизматрасониҳои гуногуни худро бо нархҳои дастрас пешкаши истеъмолкунандагон менамоянд.
Дар маросим ҳамчунин намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуда, баъдан лентаи рамзиро буриданд.
Сокинону меҳмонони пойтахт ва навоҳии гирду атроф бо рӯҳияи идона ва табъи болида вориди намоишгоҳ гашта, бо иштирокчиёни Лоиҳа-озмуни овозадори “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” шинос шуданд ва маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла навъҳои гуногуни ҳасибу ҳасибчаҳои бомазза, шир, панир, қаймоқ,сметана, равғани маска, қанди сафед, шакар, даҳҳо намуд шоколаду шириниҳои лазиз, асал, чормағз, бодом, орд, равған, маводҳои шустушӯӣ, собун, шампун, сачоқчаҳои намнок, памперс, маҳсулоти гуногун барои хона, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, тафдони барқӣ, чангкашак ва дигар маводҳои зарурии худро бо нархҳои дастрас харидорӣ мекарданд. Аз фурсат истифода бурда, мо бо чанд нафар харидорон ҳамсӯҳбат гаштем, то ки назари онҳоро ба ин намоишгоҳ бидонем.
Дуои сафеди кампири 100-сола
Намоишгоҳ чунон серодам буд, ки ба қавле сӯзан партоӣ ба замин намерасид, вале дар байни садҳо нафар харидорон диққати маро пиразани нӯроние ба худ кашид, ки қоматаш ба мисли камон хам гашта буд. Аён буд, ки синну соли кампир ба дами 100 расидааст, вале ба ин нигоҳ накарда, пиразан асо дар даст ҳамроҳи зани хушодачеҳра ва писарчаи тахминан 12-13 солае бодиққат маҳсулоти ба намоиш гузоштаро аз назар гузаронида, чизҳои ба таъаш писанд омадаро харидорӣ мекард.
Ҳини суҳбат маълум шуд, ки ин пиразани чаққон бибии Омина ном дошта, синну солаш ба таги 100 расидааст. Момаи Омина 4 писару 2 духтар дошта, соҳиби 20 набера ва 95 абераю чабера будааст.
Ба гуфти духтари калониаш, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, синну соли кампир ба дами 100 расида бошад ҳам, то ҳол бо дасти худаш барои аҳли оилаи калонаш субҳона тайёр мекунад. Бибии Омина сирри дарозумриашро дар серҳаракатӣ ва меҳнатдӯстиаш маънидод намуда, мегӯяд танбалӣ душмани асосии саломатии инсон аст.
Момаи Омина аз намоишгоҳи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” чанд намуд ҳасибҳои бомазза, шир, қаймоқ, равғани маска ва асал харида, дар ҳаққи ташкилкунандагони ин чорабинӣ дуои нек кард.
Аз ташкилкунандагон миннатдорам
Марям Абдуллоева, сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мебошад. Хабари баргузории намоишгоҳро ӯ аз радио шунида, ҳамроҳи писараш барои харид кардан омадааст.
“Равғани маска харидем, ширқиём гирифтем, барои кӯдакон ҳасибчаю ҳасиб ва сметанаю қаймоқ харидам. Собуну шампун ва маводҳои обакии шустушӯӣ гирифтем. Нархҳо нисбат ба бозор хеле пасттаранд. Раҳмат ба шахсоне, ки ин намоишгоҳро ташкил кардаанд. Бигзор чунин чорабиниҳо боз ҳам зиёдтар шаванд”, - гуфт Марямхон.
Кошкӣ нархҳо ҳамеша паст мебуданд
Фирӯза Каримова, сокини ноҳияи Синои пойтахт буда, маҳсулоти шириро дӯст медорад. Ин зан барои фарзандонаш аз намоишгоҳи “Тамғаи писандидаи “Тоҷикистон” чанд намуд шоколадҳои тахтагӣ (плиточний) қаймоқ, сметана, асалу қандинаҳои бомазза ва собуну шампуну сачоқчаҳои намнок харида, мегӯяд кошкӣ нархҳо ҳамеша чунин паст ва дастрас мебуданд.
Асали сифаташ олиро бо нархи арзон харидам
Мавлудахон Ҷабборова яке аз мухлисони содиқи лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” буда, ҳар сол ба намоишгоҳ меояд. Имсол аз намоишгоҳ ӯ асали тозаро бо нархи арзон пайдо карда, бениҳоят хурсанд буд.
“Асал харидам! Асали сифаташ олӣ! Нархаш ҳамагӣ 80-сомонӣ будааст, дар ҳоле, ки нархи асал дар бозор ҳамин шабу рӯзҳо 100-120 сомонӣ аст!” - мегӯяд Мавлудахон ва ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ менамояд.
1 кл шоколад - 30 сомонӣ!
Назди растаи фабрикаи қаннодии “Ширин” чунон серодам буд, ки ногуфтанӣ. Маълум шуд, ки сабаби ҷамъ шудани харидорони зиёд арзон будани нархи конфетҳое мебошад, ки ин коргоҳ ба муштариён пешкаш намудааст.
“Як кило шоколад ҳамагӣ 30-35 сомонӣ будааст. Хеле арзон аст. Нархи шоколад ин шабу рӯзҳо дар бозор аз 45-50 сар шуда, то 75-80 сомонӣ мерасад. Раҳмат ба касоне, ки ин ярмаркаро ташкил карданд. Хеле харид кардем. Кӯдаконамон хурсанд мешаванд” миннатдорона мегуфтанд занҳое, ки аз ин раста халта-халта шоколад харидорӣ карда буданд.
Ёдрас мешавем, ки намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ дар Кохи Борбад муддати се рӯз-2, 3, 4 ноябр давом хоҳад кард ва шумо ҳам имкон доред молу маҳсулоти дилхоҳатонро аз ин намоишгоҳ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон дастрас намоед.
Ташкилкунанда:
@tayron.agency
Сарпарасти кулли лоиҳа:
@artel_avesto.tj @artel.tajikistan
Сарпаростони расмӣ:
@tawhidbank
@akfa_home
Шарикон:
@gazpromneft_tj
@tajik_time
Иштирокчиён:
- @himus.tj
- @ramis.tj
- @shiri_dushanbe_official
- @qolinhoi.fors
- @spitamen_insurance
- @dushanbecity.tj
- @chocolatier.tj
- @karcher_tajikistan
- @siyoma_water
- @comfortbaby.tj
- @sloboda_tj
- @barakat_tajikistan
- @murgipokiza
- @centersofia
- @anko.food
- @gmp.tj
- @pokiza_1992
- @fayzi.rasul
- @molochnaya.radost
- @fayzi_rasul
Шарикони итиллоотӣ:
- @tvsafina_official
- @radiovatan.tj
- @hamsado
- @avtoradio.tj
- @radioimruz
- @oilatj
- @pressa.tj