Ман Камолова Мастура, соли таваллудам 1965, зодаи шаҳри Ҳисор мебошам. Маъюби гурӯҳи дуюм ҳастам ва 12 сол мешавад, ки хонаву дар надорам ва шабамро дар хонаи хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ва шогирдонам рӯз мекунам.
Соли 2013 вақте модарам аз дунё гузашт, бародарам “ин хона аз они ман” гуфта, моро бароварда пеш кард. Аз шавҳарам ҷудо шудаам, зеро зиндагӣ бо ӯ бароям бемаъно буд. Як духтар дорам, аммо ӯ бо сабабҳои номаълум аз ман рӯй гардонидааст ва маро дидан намехоҳад. Ҳатто иҷозат намедиҳад, ки набераҳоямро бинам. Намедонам, дар тарбияи ӯ чӣ хатое кардам, ки дар дами пирӣ хору зор гаштам. Ҳамагӣ 150 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирам, ки хеле ночиз аст. Аз ӯҳдаи баъзе корҳо бароям ҳам, “пир шудаӣ” гуфта, дар ягон ҷой ба кор қабул намекунанд.
32 сол дар давлат кор кардаму имрӯз барои ҳама нодаркор шудаам. Дар шаҳри Ҳисор 6 сотих замин дорам. Мехоҳам ягон нафари хайрхоҳ онро гирифта, бар ивазаш дар шаҳри Душанбе як дар хона диҳад. Саломатиам хуб нест, бояд ҷарроҳӣ кунам. Ба ҳамин хотир, ба кӯмаки мардуми хайрхоҳ эҳтиёҷ дорам. Рақами телефон: 917567145, 933508675