Sebiston new 2024 october
Кафидани пой нишонаи касалии қанд аст?
2808


Кафидани пой, ки ба назар як чизи оддиву маъмулӣ менамояд, метавонад нишонаи касалии қанд бошад.

Дар ин бора духтур ва ровии машҳури рус Герман Гандельман дар пахши мустақими барномаи “Жить здорово!” маълумот додааст.
Табиб ва ровии машҳури рус Герман Гандельман дар пахши мустақими барномаи «Жить здорово!» дар “Шабаки аввал”-и Телевизиони Русия дар бораи боз як нишонаи нави касалии қанд, яъне “сахарный диабет” маълумот дод, ки солҳои охир хеле бошиддат доман паҳн карда истодааст.

Ба гуфти ин табиб ва ровии машҳур кафидани пой, ки як падидаи хеле оддӣ ва маъмулӣ ба ҳисоб меравад, метавонад нишонаи мубтало будани шахс ба бемории қанд бошад.
Ба гуфти Гандельман касалии қанд пеш аз ҳама кори рагҳои хунгард ва тораҳои асабро вайрон менамоянд ва ин боиси ба таври зарурӣ ғизо гирифта натавонистани қисматҳои поёнии ҷисми инсон гашта, боиси торс-торс кафидани пӯсти пойҳо мегардад.


Андешаи Герман Гандельманро ҳамкасбаш Елена Малышева низ тасдиқ намуда, мегӯяд, шахсоне, ки ба бемории қанд мубтало гаштаанд, ҳиссиёташон суст шуда, дардро чандон ҳис намекунанд.
“Вақте ки пӯсти пойҳо мекафад, ин як навъ захми кушода аст, вале дард намекунад. Ин захми бе дард ва зоҳиран тамоман бе зарар аз касалии қанд дарак дода метавонад”-мегӯяд Елена Малышева.
Герман Гандельман дар барномаи “«Жить здорово!» ба шахсоне, ки пӯсти пойҳояшон тез-тез мекафад, маслиҳат додааст, ки глюкометр харида, қандашонро бисанҷанд ва ё барои фаҳмидани сатҳи глюкоза дар хунашон ба табибон муроҷиат намоянд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД