Салом! Ман зани 38-сола ҳастам, вале ҳис карда истодаам, ки як соли охир бошиддат пир мешавам. Мӯйи сарам бисёр мерезад, дар рӯям низ хатҳои зиёди ожанг пайдо шуда истодаанд. Мегӯянд, ки барои рушди мӯй ва таровати чеҳра витамин хӯрдан лозим аст, вале ман намедонам, ки маҳз кадом витаминҳоро истеъмол кардан лозим аст. Мегуфтед, ки кадом намуди витаминҳо ба ҳусни зан ҳусни тоза зам мекунанд?
Дилбар, ш. Душанбе
Айни замон малҳам, ниқоб ва шампунҳои зиёди косметикиро дастрас кардан мумкин аст, ки ба афзоиши мӯй мусоидат менамоянд. Мӯйи дароз мехоста бошед, шампун ва балзамҳоеро интихоб намоед, ки хусусияти табобатӣ дошта бошанд. Ин намуди шампунҳо қиматтар, вале фоидабахштаранд.
Ҳангоми истифода бурдани ин шампунҳо ҳушёрӣ зоҳир намоед, зеро боиси аллергия шуда метавонанд. Барои фаҳмидани реаксияи пӯст ва мӯятон бояд аввал шампунро истифода баред, танҳо дар сурати натиҷаи хуб доданаш балзамашро низ харед. Фаромӯш насозед, ки шампунҳои табобатиро ҳафтае аз 1-2 маротиба зиёд истифода бурдан мумкин нест. Таъсири мусбии шампунро танҳо баъди ду ҳафта фаҳмидан мумкин аст.
Дар бораи витаминҳо бошад, ҳаминро гуфтанием, ки ҷисми инсон асосан витаминҳоро аз хӯрок мегиранд, вале витамини аз хӯрок мегирифта барои мӯй ва рӯйи зан кифоят намекунанд. Аз ҳамин витаминҳои махсусро истеъмол кардан лозим аст. Барои таровату пӯсту зебогии чеҳра ва кори бонизоми узвҳои занона витамини Е ёрӣ мерасонад, мӯйҳо бошад, ба витаминҳои гурӯҳи В ниёз доранд.
Витаминро 2-3 моҳ истеъмол намуда, баъд як ҳафта танаффус мекунед ва боз табобатро давом медиҳед. Ногуфта намонад, ки витаминҳо ва иловаҳои фаъоли биологӣ танҳо якҷоя бо хӯрок ва нигоҳубини дуруст барои зебогии рӯю мӯй кӯмак мекунанд, аз ин лиҳоз ба хӯроки худ ҳам диққати ҷиддӣ дода, бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред.