goodwell
Кадом ниқобҳои хонагӣ ба пӯст зарар доранд?
30.05.2026
Oila.tj
39

Зебову ҷавон мондан орзуи ҳамешагии ҳар як зан аст. Вале пӯшида нест, ки нигоҳубини пӯст ва зебо будан аксаран маблағи зиёд талаб мекунанд. Аз ҳамин сабаб бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки аз маҳсулоти одии хонагӣ косметика омода намоянд.

Воситаҳои табиӣ воқеан фоидаовар буда метавонанд, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки на ҳама маҳсулоти ошхона барои пӯст безараранд. Баъзе аз онҳо метавонанд аллергия, сурхшавӣ ё ҳатто осеби пӯстро ба вуҷуд оваранд.

Ба гуфтаи табиби дерматокосметолог Лилия Дишлевая, истифодаи меваву сабзавот дар нигоҳубини пӯст ҳамеша бехатар нест. Дар таркиби бисёре аз онҳо кислотаҳои табиӣ мавҷуданд, ки метавонанд ҳассосияти пӯстро зиёд кунанд. Хусусан дар фасли баҳору тобистон истифодаи маҳсулоти дорои витаминҳо ва кислотаҳо бояд маҳдуд бошад, зеро онҳо хатари пайдо шудани доғҳои пигментиро меафзоянд. Дар муқоиса бо косметикаи тайёр, меваву сабзавот витамин ва кислотаҳоро ба шакли “зинда” доранд ва пешгӯӣ кардани аксуламали пӯст ба онҳо душвор аст.

Яке аз машҳуртарин ниқобҳои тобистона аз қулфинай мебошад. Бисёриҳо онро майда карда ба рӯй мемоланд ё бевосита бо қулфинай пӯстро пок мекунанд. Аммо барои пӯсти хушк ва ҳассос чунин усул тавсия дода намешавад. Гоҳо ҳатто пӯсти равғанин ҳам метавонад ҳассос бошад. Мутахассисон инчунин аз истифодаи ниқоби помидорӣ эҳтиёткорона кор гирифтанро маслиҳат медиҳанд. Гарчанде помидор хусусияти зиддиоксидантӣ ва сафедкунанда дорад, кислотаи он метавонад пӯстро сӯзонад ё сурх кунад.

Асал ва қаҳва низ аз воситаҳои маъмули нигоҳубини пӯст ба ҳисоб мераванд. Барои бадан истифодаи онҳо одатан мушкил эҷод намекунад. Масалан, скрабҳои қаҳвагӣ барои тозакунии пӯст ва асал барои масҳ ва поксозии пӯсти шикам, рон ва миён васеъ истифода мешаванд. Аммо барои рӯй скраби қаҳвагӣ метавонад хеле дағал бошад ва қабати болоии пӯстро осеб диҳад. Дар натиҷа пӯст хушк ва ҳассос мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД