Ороиши нохунҳо як усули косметикӣ барои табобати нохунҳо, ангуштон ва худи дастҳо мебошад.
Маникюр дар салонҳои зебоӣ аз ҷониби муттахассисони соҳибихтисос ва ҳам дар хона анҷом дода мешавад.
Маникюр аксар вақт бо педикюр, нигоҳубини рӯй, косметика ва ороиши мӯй (тарошидани мӯй, ранг кардани мӯй ва дигар намудҳои нигоҳубини мӯй) якҷоя анҷом дода мешавад.
Маникюр кори наонқадар мушкил аст, вале аз одам диққатнокӣ ва завқи баланро талаб мекунад. Мехоҳед донед, ки кадом навъи маникюр беҳтар аст? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!
Маникюр бо дизайн
Маникюр бо дизайн барои онҳое, ки аз якрангӣ хаста шудаанд, беҳтарин аст. Зебоии чунин маникюр дар он аст, ки ҳама гуна намунаро метавон дар нохун тасвир кард, аз дилҳои сурх то намунаҳои абстрактӣ ё гулҳо.
Маникюри мавҷҳо ва яхбандӣ
Мавҷҳои дурахшон дар нохунҳо тарҳи аз ҳама ҷолиб ва мувофиқ барои давраи тирамоҳ ва зимистон мебошанд. Ин навъи ороиш бо нохунҳои шаффоф мувофиқ мебошад. Варианти олист, агар мехоҳед маникюри рангоранг сохта, натиҷаи маҳин ва нозук ба даст оред.
Нохунҳои парии обӣ
Маникюри баҳрӣ бо нақши парии обӣ дурахши нозуки голографӣ дошта, тарҳи ҳаҷм барои онҳое, ки ба таътил мераванд, мувофиқ аст. Ин навъи ороиш хеле зебо ва нозук ба назар мерасад.
Френч-омбре
Ин тарзи ороиш шакли нохунҳоро ҷаззобу маҳин нишон медиҳад. Дурахши ҷаззоби нохун ҳамон ҳалқаеро, ки ба қарибӣ дар ангушт пайдо мешавад, таъкид хоҳад кард.
Маникюр бо ранги гулобӣ
Чунин маникюр ҳамеша тозаву озода ба назар мерасад. Он ба ҳама духтарон, новобаста аз касбашон, мувофиқ аст. Бо чунин ороиш дастҳо хуб нигоҳубиншуда ва нозук менамоянд. Ба хонумҳои серкоре, ки барои зебоӣ вақти зиёд надоранд, ин тарзи маникюр мувофиқ аст.
Маникюри ширӣ
Варианти дигар барои онҳое, ки тарҳи классикиро дар ҳама чиз бартарӣ медиҳанд, маникюри ширӣ мебошад. Шумо чунин тарҳи маникюрро интихоб мекарда бошед, аз ороишгар хоҳиш кунед, ки бароятон шакли чоркунҷаи нохунҳоро созад. Он гоҳ ангуштон зебо ба назар мерасанд.
Ороиши франсузӣ
Новобаста аз он ки тамоюлҳо дар соҳаи мӯди нохун чӣ қадар тағйир меёбанд, ороиши франсузӣ ҳамеша мӯд мемонад. Бояд гуфт, ки натанҳо намуди классикии ин маникюр бо сарҳади сафед, балки бо ороиши ранга низ мувофиқ аст. Шумо нохунҳои кӯтоҳи мураббаъ дошта бошед, ороиши ранга накунед. Ҳамчун ранги асосӣ метавонед як пойгоҳи комилан шаффоф ё лакро бо ранги каме гулобӣ ё ширии обӣ истифода баред.
Маникюри тиллоӣ
Тамоюли дигари нохунҳо дар фасли тирамоҳ пошидани маникюр мебошад. Он барои духтарони дорои ҳам нохунҳои дароз ва ҳам кӯтоҳ мувофиқ аст. Бартарии асосии чунин маникюр дар он мебошад, ки он хеле дурахшон аст. Чун қоида барои сохтани чунин маникюр устоҳои нохун пойгоҳи шаффоф ва лакҳои рангашон тиллоӣ ё нуқрагунро истифода мебаранд.