Шуруъ аз имрӯз, 10 октябр, даври сеюми иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус аз Маркази миллии тестӣ ба Oila.tj хабар доданд.
Гуфта шуд, ки дар ин даври бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ ва ё ихтисосҳои нав аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода, Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант ва Филиали Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак пешниҳод шудаанд.
Бо назардошти маҳдудият дар интихоби муассисаҳои таълимӣ ва имконияти Марказ нуқтаҳо барои даври сеюми иловагии бақайдгирии довталабон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Норак ва Бобоҷон Ғафуров ташкил гардидаанд.
Дар ин давр шахсоне, ки дар ИМД-2023 ягон бор худро номнавис накардаанд; довталабони дар даврҳои якум, дуюм ва сеюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, онҳое, ки дар яке аз даврҳои имтиҳонҳо иштирок карда, ба озмун роҳ наёфтаанд, довталабоне, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд ва довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки ҳуқуқи таҳсилро дар муассисаҳои тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, иштирок карда метавонанд.
Рӯзи охирини даври сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе 14 октябр муқаррар гардидааст. Агар довталаби дар ин давр номнависшуда хоҳиши иваз намудани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро дар ҳамин муҳлат анҷом диҳад.