Sebiston new 2024 october
Кадом хислатҳои духтар аз зани хуб шуданаш гувоҳӣ медиҳанд?
2291

1. Духтари аз 20-сола болоро ба занӣ гиред

Ҳамсари хуб мехоста бошед, арӯси синну солаш аз 20-сола болоро интихоб намоед. Духтарони ҷавони 17-18-сола қадрас бошанд ҳам, ҳанӯз дар умқи дил кӯдаканд ва зиндагиро бозӣ гумон мекунанд. Духтарони аз 20- сола боло ба оиладорӣ тайёр ва масъулиятпазиранд. Табиист, ки чунин духтар оиларо аз дугонабозӣ, сайругашт ва дигар дилхушиҳо боло мегузорад.

2. Ба чашмони арӯс диққат диҳед

Пеш аз оне, ки бо духтаре хонадор мешавед, ба ранги чашмонаш диққат диҳед, зеро хислати занро аз чашмаш фаҳмидан мумкин аст Духтароне, ки чашмони сиёҳ доранд, зотан бадқаҳр буда, зуд оташин мешаванд. Духтарони чашмонашон қаҳваранг ғайбат карданро дӯст медоранд. Духтарҳое, ки чашмони хокистарранг доранд, сарфакор нестанд ва пулро дар як дам ба бод медиҳанд. Духтарони чашмони кабуди обӣ дошта зоҳиран шаттоҳу ҷангара намоянд ҳам, баъди шавҳар кардан ба гапи мард гӯш медиҳанд. Духтарони чашмони сабз дошта табиатан эрка ҳастанд ва нозу нузи бисёре мекунанд.

3. Зани хонадор нагиред!

Духтареро, ки хонаи шахсии худро дорад, ба занӣ нагиред. Зане, ки хона дорад, шавҳарро чандон писанд намекунад. Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад, фардо гапатон гурехта монад, зан дарҳол шуморо таъна мезанад, ки дар хонаи ӯ зиндагӣ карда, нону оши тайёрро хӯрда истодаед. Ҷанҷол калонтар шавад, зан метавонад кафшҳои шавҳарро пеши пояш монда, ӯро аз дар берун кунад.  

4. Арӯси нозгулак накобед!

Зани хуб мехоста бошед, аз духтарҳои бениҳоят нозук дурӣ ҷӯед. Нозгулакҳо ба сахтиҳои зиндагӣ тобовар нестанд. Ин тоифаи духтарон табиатан танбал ва мағрур буда, мехоҳанд дигарон барояшон хизмат кунанд.

5. Духтаре, ки консерт ва театрро дӯст медорад...

Пеш аз издивоҷ намудан даҳ маротиба пай дар пай арӯсшавандаи худро ба театр ва консерт даъват кунед. Духтар хоҳишатонро ягон бор рад накунаду ҳамроҳатон равад, донед, ки дилхушӣ кардан барояш дар зиндагӣ дар ҷойи аввал меистад. Албатта ба театр, кино ва консерт рафтан хуб аст, аммо ҳама чиз андозаи муайяни худро дорад. Дар бораи зиндагии ояндаатон фикр кунед. Зане, ки тарбияву нигоҳубини кӯдакон ва кору бори хонаро як сӯ монда, ҳар рӯз театр ба театр мегардад ва ягон кинову консерт бе ҳузури ӯ намегузарад, ба шумо лозим аст?!

6. Ранги пӯст ва мӯйи арӯс

Ранги пӯст ва мӯйи духтар низ дар бораи соҳибаш бисёр чизҳоро гуфта метавонад. Духтарҳое, ки мӯйҳои мисли офтоб тиллоӣ доранд, зоҳиран пурнозу нуз менамоянд, вале зани хуб мешаванд. Духтарони мӯйсиёҳ муҳаббати оташин доранд ва пас аз шавҳар кардан ҳамсарашонро бо тамоми ҳастӣ дӯст медоранд. Табъи духтарҳои малламӯй мисли ҳавои баҳорӣ тез-тез тағйир ёфта меистад. Духтарони мӯйи сурхчатоб дошта ҳавобаланд ва худпарастанд, гапи худро бо кадом роҳе набошад, мегузаронанд. Ин тоифаи духтарон маккору ҳиллагаранд ва ба ҳоли дигарон хандиданро дӯст медоранд.

7. Аз арӯси якраву саркаш дӯрӣ ҷӯед!

Хислати духтарро фаҳмидан хоҳед, қасдан анҷом додани кореро аз ӯ хоҳиш кунед, ки писандаш нест. Духтар худпарастиро як сӯ монда, ба хотири шумо он корро анҷом диҳад, донед, ки аз ӯ зани хуб мебарояд. Гузашт карда тавонистан дар зиндагӣ муҳим аст. Зан, агар якрав ва саркаш бошад, тез-тез байни ӯ ва шавҳараш баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол сар мезанад.

8. Духтари аз паси мӯд медавидаро ба занӣ нагиред!

Духтарҳое, ки фақат дар фикри зебогии зоҳирии худашон ҳастанд ва ҳамеша аз паси мӯд медаванд, зани хуб намешаванд. Аввалан зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист ва касе кафолат дода наметавонад, ки шумо як умр пулдор монда, аз сари занатон зару зевар мерезед. Зане, ки як умр беҳтарин либосҳоро пӯшида, гули чизро хӯрда гаштааст, дар пастиҳои зиндагӣ тоқат намекунад. Дуюм: зани аз ҳад фасон ва олуфта диққати дигар мардонро низ ба худ ҷалб менамояд. Занатон ба шумо хиёнат накунад ҳам, албатта нигоҳҳои пур аз ҳаваси атрофиён рашкатонро меорад ва боиси сар задани ҷангу ҷанҷолҳои зиёди оилавӣ мегардад.

9. Арӯс бояд хоксор бошад

Боз чанд хислати дигаре вуҷуд дорад, ки аз зани хуб шудани духтар гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз ин хислатҳо хоксорӣ ва дигарӣ нозу нузи бисёр накардани духтар аст.

10. Зани ҳунарманд ва меҳнатдӯст гиред!

Мард миллионер бошад ҳам, ҳар рӯз 3 бор зану фарзандонашро ба тарабхона бурда наметавонад, бинобар ин, кӯшиш кунед духтари меҳнатдӯст ва ҳунармандро ба занӣ бигиред. Сарфи назар аз он ки чӣ касбу ҳунар дорад, духтар бояд аз ӯҳдаи пухтани хӯрок ва кору бори хона ба хубӣ баромада тавонад. Зани хуб шудани духтаре, ки ягон ҳунар надорад, ба гумон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД