Вақте мо ягон амал мекунем, мегӯянд ки гуноҳи кабира кардааст ё гуноҳи сағира. Гуноҳони кабира кадом асту гуноҳи сағира чист? Хуб мешуд, агар дар ин бора равшанӣ андозед.
ЭГАМНАЗАР, н. Айнӣ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Дар теъдоди гуноҳони кабира миёни уламо ихтилофи назар аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) теъдоди гуноҳони кабираро ҳафтто, аммо Абдуллоҳ ибни Аббос (р) теъдоди онҳоро қариб ҳафтодто гуфтаанд. Расули Худо (с) дар ҳадисе чунин фармудаанд: “Аз ҳафт амале, ки сабаби ҳалокати шумо аст, парҳез кунед: Ширк овардан ба Худо, сеҳру ҷоду кардан, куштани худ ё шахси дигар, рибо хӯрдан, хӯрдани моли ятим, гурехтан дар рӯзи ҷанг, туҳмат кардани занони покдоман”.
Худованд муҷозоти гуноҳони кабираро муайян кардааст ва фақат ба тавба бахшида мешаванд. Ғайр аз гуноҳони кабира боқимонда гуноҳони сағира ҳастанд, ки бо анҷом додани амали нек бахшида мешаванд (“Мирқотул-мафотеҳ”, ҷ. 1, с. 207-208).