formula
Кӣ ғолиб меояд: “Истиқлол” ё “Ал-Наср”?
250


Ин бегоҳ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрии тими миллии кишварамон “Истиқлол” бо дастаи футболи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз хоҳад гашт. Ҳарду даста ба ин вохӯрӣ тайёрии ҷиддӣ дидаанд, вале...

Ёдрас мешавем, ки айни замон дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дошта, аллакай роҳхати даври плей-оффро соҳиб шудааст. «Истиқлол» бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷой гирифтааст.
Дастаи «Персеполис»-и Эрон бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд.

Дар рақобати имрӯза дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ғолиб меояд ё “Ал-Насл”-и Арабистони Саудӣ? Назаратонро дар шаҳри ин мавод нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД