Formula novemver 2024
Кӣ дар 8-уми март ба Фараҳнози Ҷамшед гарданбанди тилло ҳадя кард?
718

Фараҳнози Ҷамшед, ҳунарпеша ва рӯзноманигори ҷавону маҳбуби тоҷик, баъди филми бисёрсериягии “Ишқ,Пул, Душанбе” боз ҳам машҳуртар гаштааст. Ҳамарӯза мухлисони ин париваш ба идораи сомонаи Оил. ТЧ занг зада, дар бораи ҳаёти шахсии Фараҳноз пурсон мешаванд. Аз ҳамин хотир бахшида ба “Рӯзи Модар” мо бо ин зебосанам сӯҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш манзури шумо-хонандагони азиз мегардад.

-Фараҳноз, пеш аз ҳама Шуморо бо иди бонувон ва “Рӯзи Модар” муборакбод мегӯем!

-Ташаккур! Ман ҳам тамоми бонувони тоҷикро бо рӯзи идашон муборакбод гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша ба мисли гулҳои баҳорӣ шукуфон ва хушбахту сарбаланд бошанд.

-Шумо дар “Рӯзи Бонувон” ба ягон кас тӯҳфа мекунед ё танҳо аз наздикон туҳфа мегиред?

-Ростӣ барои ман тӯҳфа додан аз тӯҳфа гирифтан хуштар аст. Ҳар сол дар ин ид ба модару хоҳаронам ва боз чанд нафар занҳои бароям хеле азиз ҳадя мебарам.

-Дар интихоби тӯҳфа ба чӣ аҳамият медиҳед: арзиши туҳфа ё чизе, ки шахси тӯҳфагиранда ба он ниёз дорад?

-Барои ман арзиши тӯҳфа муҳим нест. Кӯшиш мекунам ба ҳар кас чизи писандида ва лозимаашро новобаста ба арзишаш, харидорӣ ва тақдим намоям.

-Ба фикри шумо ҳамчун як зан хонумҳо дар 8-март кадом тӯҳфаро орзу мекунанд?

-Албатта завқи бонувон гуногун аст, вале аз рӯи шунидаҳоям хонумҳо ба зару зевар таваҷҷӯҳи зиёдтар доранд. Ҷавондухтарон бошанд бештар IPhone мехоҳанд.

-Қиматтарин тӯҳфае, ки дар 8-уми март гирифтаед, чӣ буд ва онро кӣ ба шумо тақдим намуд?

-Хеле тӯҳфаҳои зиёд гирифтаам. Боре дар рӯзи иди бонувон як коргардони синамо ба ман гарданбанди тилло ҳадя кард. Боз гумони бад набаред, байни мо робитаи ошиқона вуҷуд надорад. Аз рӯйи ихлос он дӯстам ба ман чунин туҳфаи гаронбаҳоро тақдим намуд. Қимматтарин туҳфае, ки гирифтам, ҳамон гарданбанд буд.

-Таманниёти шумо ҳамчун як бону ба занону духтарони тоҷик?

-Таманно дорам, ки ҳеҷ зане дар рӯи дунё ҳаргиз эҳсоси танҳоӣ накашад ва маҷбур набошад, ки барои беҳбудии зиндагиаш ба мисли мард ҳамеша дар такопӯ бошад. Бигзор ҳама бонувон дар паҳлӯяшон шонаи устуворе дошта бошанд, ки дар тамоми лаҳзаҳои душвори ҳаёт ба он такя намоянд. Мушкилтарин мушкилашон фақат ҳисоби пулҳои барзиёд ва надонистан, ки онҳоро ба куҷо харҷ кунанд,бошад.

-Омин!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД