Бо гузашти солҳо хотира суст шуда, диққати инсону ҳаракати он аллакай чунон мустаҳкаму дақиқ нест. Аммо воситаи осону таъсирбахши ин раванд ба ҳамаи мо шиносу дастрас аст. Олимони Кореяи ҷанубӣ таҳқиқ карданд, ки хоидани фаъоли ғизои дурушт ба кори майна мусоидат карда, то охир онро чандир нигоҳ медорад.
Чӣ гуна кор мекунад?
Гап дар сари глутадион – антиоксидантест, ки майнаро аз фасодшавӣ нигоҳ медорад. Бо мурури вақт сатҳи глутадион дар майна паст шуда, ба кам шудани фаъолияти когнитивии он расонда, хотираро суст мекунад, ва ҳатто ба бемории Алтсгеймер оварда мерасонад. Аммо роҳе ҳаст: агар бештар ғизои дурушт истеъмол кунем, сатхи глутадион дар майна меафзояд.
Ташхисгарони Кореяи ҷанубӣ озмоиш гузаронданд: ба иштирокчиёни як гуруҳ сақич тақсим карданду ба гуруҳи дигар чубчаҳо доданд. Дар натиҷа, онҳое, ки бо ҷоғашон ба пуррагӣ кор карданд, сатҳи глутадион дар майна назаррас зиёд гардида, хотираашон тезтар шуд.
Барои чӣ маҳз ғизои дурушт?
Ҳамааш оддист: хоидан дар майна хунгардиро вусъат дода, онро бо кислород ва маводҳои ғизоӣ ғанӣ мегардонад. Ҷоғ кор карда, майна барои кори фаъол манбаъ ҷамъоварӣ карда, дар пайдо шудани нейронҳо кӯмак мерасонад.
Аз ин мебарояд, ки ҳатто хоидани сақич хотираро мустаҳкам мекунад, аммо бо он зиёд набояд омухта шуд, зеро зиёд ва ҳангоми гуруснагӣ хоидани сақич ҳам метавонад, кори узвҳои ҳозимаро вайрон кунад. Дар ин ҳолат, беҳтар аст, аз маводи ғизоии дурушт истифода бурд.
Бояд қайд кард, ки ғизои дурушт ба вусъат ёфтани манаҳу ҷоғи поён мусоидат карда, ба симои шумо зебоӣ ва мувозинат мебахшад.
Чиро хоидан фоида дорад?
Мо ба шумо рӯйхати маводи ғизоиеро пешниҳод мекунем, ки ба саломатии шумо ва мустаҳкамии хотираатон мусоидат карда, ҳатто шакли чеҳраи шуморо зеботар мегардонад:
- Сабзавоти хом (сабзӣ, карафс (селдерей), турбча, турб).
- Донагиҳо ва чормағз.
- Меваҳои сахт (себу ноку биҳӣ).
Дар ин самт таҳқиқотҳо идома доранд, аммо аллакай ҳозир маълум аст, ки чанде хӯрока дурушт бошад, ҳамон қадар дандонҳову ҷоғу манаҳ мустаҳкам шуда, кори майна дуруст, ва хотира қавиву кори нейронҳо муътадил мегардад.
Таҳияи Л. А.