Дар соли 2022 дар сатҳи кишвар 695 ақди никоҳи бармаҳал, ки бо қарори судҳо сурат гирифтааст, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд мебошад. Дар қиёс бо минтақаҳои кишвар дар вилояти Суғд бештар ба қайд гирифта шудааст.
Ин нуқта дар нишасти хабарии имрӯзаи Вазири адлияи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бекор кардани ақди никоҳ дар соли 2022 13876 ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин соли 2021 161 адад зиёд буда, 15412 кӯдакони ноболиғ дар тарбияи яке аз ҳамсарон гузошта шудааст.