...Келинамро чӣ қадар таъриф кунам, боз ҳам кам аст. Шояд бовар накунед, аммо субҳ аз ман пештар хеста, ҷойнамозамро мекушод ва оби таҳоратамро тайёр карда, маро бедор мекард, ки “холаҷон, хезед, вақти намоз шуд”.
Чою хӯроки гарм ҳамеша тайёр ва либосҳоям сари вақт шуставу дарзмолшуда буданд. Ҳатто маслиҳат медод, ки ҳини ба кор рафтан бояд кадом куртаро ба бар намоям, ки ба ман шинаму зебанда аст. Ана ҳамин хел духтар буд келинам. Чунинашро ман дигар ҳеҷ гоҳ ёфта наметавонам. Келинам фақат як камбудӣ дошт. Ҳар боре таваллуд мекард, кӯдакҳояш мефавтиданд...
“Мугамбо” баъди адои Ҳаҷ аз саҳна меравад
...Ҳамчунин, ӯ дар рафти барнома овозаи муноқиша карданаш бо Дӯстмурод Шарипов, мулаққаб бо “Дон Жуан”-ро рад кардааст. “Мо қариб ҳар рӯз ба хонаи ҳамдигар меравем. Дуруст аст, ки саҳнаҳои якҷоя кам сабт мекунем, чунки вақт имкон намедиҳам. Аммо саҳнаҳое, ки дар алоҳидагӣ сабт кардаем, зиёданд”. Дар шоу-бизнеси тоҷик ҳунармандоне, ки баъди адои Ҳаҷ саҳнаро тарк накарданд, зиёданд. Масалан, хоҳарон Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, овозхонҳои шинохтаи кишвар, соли 2014 ба зиёрати хонаи Худо рафтанд ва ҳамоно дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд...
Арӯсам янгаам шуд
...Фасли баҳор буду шоми деҳа орому зебо, чун ба ҳавлиямон ворид шудам, падару модарам рӯйи кати зери токи ангур чой менӯшиданд. Дуртар аз онҳо духтараке бо сари хам зери рӯшноии чароғ дар мошинаи дарздӯзӣ чизе медӯхт, яқин кардам, ки зани бародарам аст. Ман бо овози баланд салом гуфтам, падару модарам аз рӯйи кат парида хестанд, онҳо бо навбат маро оғӯш мекашиданду мебӯсиданд. Баъди вохӯрии гарму ҷӯшон бо волидайн, ман ба чеҳраи духтараки дарздӯз, ки акнун рост истода, ба сутун такя карда буд, нигаристаму қариб буд ҳушам равад, дар рӯ ба рӯям Асия меистод. Модарам ҳайрати маро дида гуфт...
Овозхони афғон аз дасти “Толибон” тарки Ватан кард
...“Ман зинда ва саломатам. Пас аз якчанд шаби фаромӯшнаванда, ниҳоят ба Доҳа, пойтахти Қатар расидам. Ҳоло хатсайри Истанбулро интизорам, то ба хонаам баргардам”,-навиштааст Ориёна дар Инстаграм ва баъдтар хабар додааст, ки соқу саломат ба хонаашон расидаанд. Ориёна Саид яке аз машҳуртарин овозхонҳои Афғонистон буда, бахши афғонии шоу-барномаи “The Voice”-ро ровигӣ ва ҳакамӣ мекард. Иштирокчии чандин озмуну консертҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Шумораи обуначиёнаш дар шабакаи Инстаграм бештар аз як миллион аст ва овозхон ваъда додааст, ки баъди ба хонааш расидан, ба онҳо дар бораи ҳодисаҳои Кобул ҳатман нақл хоҳад кард...
Кристина маро “подставить” карду...
...Ду моҳи аввал корам хуб буд ва маблағҳои қарз гирифтаамро бозпас фиристодам, вале моҳи сеюм дар корхона дуздӣ шуда, рӯзам сиёҳ гашт. Азбаски навкор будам, ҳама ба ман бо чашми бад нигоҳ мекарданд, зеро ҳамон рӯзи гум шудани пул дар корхона фақат ду нафар будем, ман ва яке аз дӯстони наздики раисамон. Табиист, ки одам аз шахси наздикаш гумонбар намешавад, роҳбари корхона низ ягон зарра аз дӯсташ шубҳа накарда, фақат аз ман гумони бад мебурд. Каму ғам не, се миллиону панҷсад ҳазор рубли русиро ба яғмо бурда буданд ва раис гумон мекард, ки ин маблағи калонро ман дуздидаам...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 33-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 25-уми августи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақами 93-600-32-63 (Viber ва Imo) бифиристед!