Sebiston new 2024 october
Ҷиянам маро хонасалот кард
10.06.2023
ОИЛА
1283

Салом! Ман савдогар ҳастам ва мехоҳам як ҳодисаи дар ҳаёти худам рӯй додаро нақл кунам, то ки барои дигарон дарси ибрат гардад.

Чандин сол шуд, ки ман бо тиҷорат сару кор дорам ва ба Туркияву Дубай рафта, бор меорам. Одами худӣ, ҷону ҷигарам гуфта, духтари апаам, яъне ҷиянамро дар мағозаам савдогар гирфтам, то ки ҳам зиндагии онҳо пеш равад ва ҳам кори савдои ман, вале беҳуда нагуфтаанд, ки коре дӯст мекунад, душмани кас намекунад.

Хулласи калом, дасти ҷиянамро дар кори савдо рост карда, ҳамаи нозукиҳои тиҷоратро ба ӯ ёд додам ва мағозаамро пурра ба ӯ супоридам, охир аз куҷо медонистам, ки лахти ҷигарам хокамро бо ғалбер мебезад.

Ҷиянам духтари бачабоз будааст ва вақтҳои набудани ман ошиқонашро даъват карда, ҳотамона ба онҳо пулу мол медодааст. Ин гапро аз даҳони апаи Мавлуда, ки мағозааш дар паҳлуи мағозаи мо буд, шунидаму ҳуш аз сарам парид. Ростӣ, аввал боварам наомад, вале баъди оне, ки ангуштарини брилиантии занам гум шуду онро дуздидани ҷиянам ошкор гашт, фаҳмидам, ки мани сода дар остинам мор парварида будаам.

Заҳматҳои кашидаам барабас рафтанд. Бо касофатии ҷияни бачабозам корам бебарор гашта, муфлис шудам. Гуноҳҳои духтарашро ба апаам гуфтам, вале ба ҷойи он ки фарзандашро насиҳат кунад, аз ман хафа шуда, ҳамроҳам қаҳрӣ шуд. Дар ин дунё ба ҳеҷ кас боварӣ карда намешудааст, на ба худию на ба бегона!

Аминҷон, савдогар

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Лоиқ 2023-06-14, 11:18
Ангуштарини занатро мегуи
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Лоиқ 2023-06-14, 11:18
Ангуштарини занатро мегуи
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД