Arzon accountant
“Истиқлол” ва КМВА дар финали Ҷоми Ҷавонӣ-2024 рақобат мекунанд
431

Имрӯз, 25-уми июл рақобати финалӣ ва бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм дар мусобиқаи Ҷоми Ҷавонӣ-2024 баргузор мегардад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаҳои “Эсхата” ва “Панҷшер” бо ҳам бозӣ мекунанд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор соати 17:30 баргузор мегардад. Дар финали мусобиқа дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода соати 19:00 рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки фонди ҷоизавии мусобиқа 60 000 (шаст ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

- Ёдовар мешавем, ки аз 6-уми июли соли ҷорӣ сар карда даври минтақавии мусобиқаи Ҷоми Ҷавонӣ-2024 миёни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ доир гардида истодааст. Ғолиби феълии мусобиқаи Ҷоми Ҷавонӣ-2023 ҳайати ҷавонони КМВА маҳсуб мешаванд. Дар рақобати финалӣ “артишиҳо” бо ҳисоби 1:0 ҷавонони “Регар-ТадАЗ”-ро шикаст дода буданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД