arzon replenishment
Истаравшан соҳиби Қасри фарҳанг шуд
616

 

10-уми апрел дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Қасри фарҳанг дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

Иншооти мазкур аз таҳхона, ду ошёна ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат буда, дорои толори консертӣ барои 1000 ҷойи нишаст мебошад.

Ин бинои навбунёд бо услуби хоси меъморӣ аз тарафи ҳунармандони муъҷизаофари тоҷик бо ҳашаммату зебоии шарқиёна бунёд гардидааст. Солҳои зиёд аҳли фарҳанг ва мардуми куҳаншаҳри Истаравшан чунин қасри пуршукӯҳи фарҳангро интизор буданд.

Дар бинои тозабунёди Қасри фарҳанг санъаткорони шаҳри Истаравшан барномаи фарҳангӣ эҳдо намуданд. Аз ҷониби Пешвои миллат дар ҳамин ҷо ба фарҳангиён 30 сози номгӯи мусиқӣ тақдим гардид. Пешвои миллат ба аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳри бостонии Истаравшан баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик саҳми ҳунармандони Истаравшан, ки ҳамчун шаҳри ҳунармандон маҳсуб меёбад басо бузург аст.

Зимнан, дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Пешвои миллат бинои иловагии Маркази саломатии №1, муассисаи таълимии томактабии "Табассум", бинои нави маъмури ҷамоати деҳоти "Гули Сурх", "Гурӯҳи "Гули Сурх"-и шуъбаи Раёсати КДАМ, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ "Нур-Пак" ва бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардиданд.

Пешвои миллат инчунин бо фаъолияти коргоҳи дуредгарию кандакории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Шамси Ориён" ва ҳамзамон бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан, ки дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта буд, шинос гардиданд.

Яке аз хислатҳои наҷиби Пешвои миллат - ин дастгирии пайвастаи ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон аст. Пешвои миллат зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар тарабхонаи навбунёди "Дилкушо" бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел озими вилояти Суғд гардиданд. Сафари кории роҳбари давлат дар ин вилоят ҳамоно идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД