Formula novemver 2024
ҚИССАИ ШАБ: Шавҳардори бе шавҳар ва ё зани оқипадар …(ҚИСМИ 2)
4567

Фарзандонамро ба оҳан мезад

Соли 2011 писари калониам ба хизмати ҳарбӣ рафт. Шавҳарам тез-тез оиладор мешуду фарзандонамро азоб медод. Онҳоро бо оҳану чӯбе, ки дар дасташ меомад, мезад, ҷабр мекард. Маро дар назди онҳо таҳқиру туҳмат мекард. Духтаронам аз ҷабри падари золимашон ба ҳар касе, ки рост омад, оиладор шуданд. Ин ягона роҳи аз ҷабру зулм халос шудан буд. Беҳуда намегуфтаанд, ки падар ба духтар даст бардорад, бадбахт мешавад. Инро зиндагии ман исбот кард. Духтари калониам, ба як корманди давлатӣ, ки ҳоло дар бозори “Ҷал-Ҷам”-и шаҳри Душанбе тоҷир аст, оиладор шуда, ҳомиладор шуду бо таври буриши қайсари кӯдакро аз батнаш гирифтанд. Ҷарроҳиаш бебарор омаду бо як хатогии кӯчаки ҷарроҳ бачадонашро гирифта партофтанд. Шавҳараш бо ин сабаб аз ӯ ҷудо шуд. Ҳамин тавр, духтаронам бебахт гаштанд.

Муҳоҷирати оилавӣ

Бебахтии духтарам маро бештар ҷигархун мекард. Ҳама фарзандҳоро ҷамъ карда, маслиҳат кардем, ки танҳо бо муҳоҷират зиндагиамонро беҳ карда метавонем. Ҳама ба Русия рафтем ва кори хуб ҳам пайдо кардем. Лекин шавҳарам дар он ҷо низ моро ором намегузошт. Агар аз соати ҳаррӯза каме дертар меомадем, то ҳақашро, яъне маблағи даркориашро намегирифт, дарро ба рӯи мо боз намекард. Баъд, “Ту барои чӣ дер ба хона омадӣ” гӯён, дар дасташ чизе меомад, оҳан аст, корд аст, табар аст, ба сӯям мепартофт. Лекин шавҳар аст гуфта, тоқат мекардам… (Ашки модар торафт зиёд мешуду бо алам ва тақдири талхаш қисса карданро давом медод...)

Дар бозор сабзӣ реза карда мефурӯхтам, бачаҳоям тамоку мефурӯхтанд, духтаронам бошад дар бонка юпӣ тайёр карда мефурӯхтанд. Мо бо ин тартиб зиндагиамро пеш мебурдему аз падарашон ягон чиз талаб намекардем. Аз соли 2011 аҳволи оилаамон беҳад вазнин шуд. Шавҳарам аз ҳар кас қарз мегирифт, вақте ба суроғаш биёянд, мегуфт, ки “Ман ба дасти бева (яъне, ман) додагӣ, рафта аз ӯ гиред”. Аммо боз ба ҳар кас мегуфтааст, ки ман барвақт ҷавобашро додаам, аммо худам ягон маротиба инро бо гӯши худам нашунида будам. Боре падарам, ки суханҳои шавҳарамро мешунавад, дар пешам шарт гузошт, ки агар бори дигар бо шавҳарат зиндагӣ кунӣ, дигар номи хонаи моро нагир, вале…

Оқипадар шудам

Вақте шавҳарам дар Русия монд, дар ноҳияамон замин гирифтаму духтарону занонро ба кор ҷалб кардам. Азобҳои зиёд кашидам, ҳамаи ин ба хотири он буд, ки ман метавонам, бе шавҳарам низ ба дастовардҳо ноил шавам. Заминҳои шӯрадору пур аз сангу хорро тоза карда, ба кор даровардам. Аз бонк ба маблағи 5 ҳазор доллар қарз гирифта, пахта коридаму омад накард. Шавҳарам дубора ба гардани мо бор шуд ва гапи мегуфтагиаш “Очата фалон кунам, беваи оқипадар” буд. Рост, ман оқипадар шудам, аз рӯи шавҳарам аз ӯ дуо гирифта натавонистам. Ба хотири фарзандонам аз волидонам дуо нагирифтам. Чанд маротиба писари калониам азобҳои маро дида, тоқат накарда, ӯро задан хост. Вале насиҳат мекардам, ки “Падар хук бошад, ту хукбонӣ кун. Ҳеҷ гоҳ даст набардор ва дашном надеҳ”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД