Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: Рози дили «Офатмоҳ»
4247

Салом ба хонандагони сомонаи Оила. ТЧ!


Ман яке аз мухлисони ашадии ин сомона ҳастам, ростӣ пештар ҳафтаномаи “Оила”-ро мехондам, аз вақте ки сайт кушода шуд, аз замона қафо намонда, ман ҳам бо сомона пайвастам.

Зани 45-сола ва соҳиби хонаву дари ободам. Шояд ба ҳолам хандед, ки шарм надошта, як занаки каппа калон қиссаи зиндагиашро навиштааст, вале рафтори баъзе духтарони ҷангараю бадзабонро дида, ба хулосае омадам, ки бояд сарнавишти худро нақл кунам, то ба дигар духтарн дарси ибрат гардад.
Номи аслии ман Махфират аст, вале то шавҳар карданам касе маро Мағфират садо намекард. Аҳли оила дар рӯяму бегонаҳо дар ғайбам маро “Офатмоҳ” мегуфтанд. Ростӣ, ин лақабро кампири бибиам ба ман гузошта буд ва аз он заррае ҳам шарм намедоштам, баръакс фарх мекардам, ки ҳама аз ман метрсанд ва “Офатмоҳ” гӯён ҳазар мекунанд. Сабаби ба ман “Офатмоҳ” лақаб гузоштани кампири бибиам дар якравию бадфеълиам буд. Духтар бошам ҳам, аз бачаҳо бештар шӯхию авбошӣ мекардам. Ҳозир давраҳои кӯдакию ҷавониамро ёд оварда, сахт шарм медорам, чунки аз дасти ман на худӣ рӯз дошту на бегона, мабодо касе пишакамро пишт гӯяд, рӯзашро сиёҳ мекардам. Рӯзе набуд, ки дар мактаб ягон ҳамсинфамро зада гирён накунам. Духтар бошам ҳам, дасту бозуи пурқуввати мардона доштам ва авбошию бузбалагиям ҳатто бачаҳои синфамонро метарсонд, духтарон бошанд, ҳеҷ гоҳ бо ман дугонагӣ намекарданд, чунки бо суханҳои нешдор дилашонро озор медодам. Аз дасти ман ҳатто омӯзгорони мактаб рӯз надоштанд, ягон чиз гӯянд бидиросзанон «маълим ба духтари худат кордор шав» гӯён, шарманда мекардам. Рафторам дар хона ҳам чунин буд, на калонро калон мегуфтаму на хурдро хурд, бо ҳама ҷангу хархаша мекардам. Падарам маро ҷанг кунад ё насиҳат карданӣ шавад, «эй мӯйсафед, поят ба лаби гӯр расидаасту ҳеҷ аз беҳудагӯӣ намемонӣ» гӯён, мисли хурӯсчӯҷаи ҷангӣ ба ҳуҷум мегузаштам. Бечора падарам ранҷида чанд рӯзи дигар бо ман гап намезад. Хурсанд мешудам, ки дигар ягон эрод намегирад. Хулоса, бо ҳамин аҳвол мактабро хатм намудам. Аз байн чанд сол гузашту ҳама ҳамсинфонам шавҳар карда соҳиби фарзанд шуданд, вале касе бо нияти хостгорӣ кардани ман қадамашро ба остонаи дари падарам намегузошт. Модарам рӯирост мегуфт, ки барои рафторҳои хунукам касе маро келин кардан намехоҳад. Ҳоло ҷавонам, вақташ расад, шавҳар мекунам, гуфта худро тасаллӣ медодам, аммо синну солам аз сӣ гузашту ягон талабгор пайдо нашуд. Ақлам ба сарам зада, афсӯс мехӯрдам, ки чаро дар ҷавонӣ дили ҳамаро озор дода бо дасти худам дари бахтамро бастам. Аз кардаҳои худ пушаймон шуда, рӯ ба намоз овардам. Дар рӯйи ҷойнамоз аз худованд бахшишу омӯрзиши гуноҳҳоямро талаб намуда, зорӣ мекардам, ки дари бахтамро кушояд. Билохира дар синни 32 солагӣ марди занмурдае маро талабгор шуд. Азбаски умрам ба ҷое расида буд, нею нестон накарда розӣ шудам. Ҳоло ману шавҳарам зиндагии хушбахтона дорем. Ду фарзанди шавҳарамро, ки модарашон барвақт аз олам гузашта, ятим монда буданд, мисли бачаҳои худам бо меҳру муҳаббат ба воя расонида, хонадор кардам, худам ҳам се фарзанд дорам. Падару модарам шоданд, ки қилиқҳои хунукамро партофта одами хуб шудам. Имрӯзҳо рафтори баъзе духтарони ба мисли худам шӯхро дида, дилам ба ҳолашон месӯзад, чунки бо бадзабонию дилзрӣ дари бахтро ба рӯйи худ мебанданд. Духтар ҳазор ҳунарманд бошад ҳам, агар забонашро лаҷом зада натавонад, ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавад, чунки зиндагӣ пастуву баландиҳои зиёде драд ва зан бояд дар ҳаёт сабӯр бошад. Сабру тоқат накарда, идиррос задан гирӣ, марди беҳтарин ҳам аз чунни зани серҷоғ безор шуда, пафшҳоятро пеши поят мемонад ва ду лагад зада аз дар берун мекунад. Аз ҳамин хотир ба духтаракони ҷавон гуфтаниям, ки сабӯру пуртоқат бошед ва дили касеро дар ҳаёт наранҷонед, зеро аз дилозор Худо безор гуфтаанд. Кӯшиш намоед, ки номатон ба некӣ барояд, то дар оянда зиндагии пурсаодат насибатон гардад!
Махфират, н. Шоҳмансур

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД