Arzon admin
Исрофкорӣ дар тӯю маъракаҳо гуноҳ аст
1497

Аксари одамон дар тӯю маъракаҳо бо мақсади худнамоӣ тамоми пасандози оилаи худро сарф мекунанд ва ҳатто қарзу қавола карда, дастурхони пур аз нозу неъмат меороянд. Пас аз тӯй бошад, вазъи молиявии оила ба андо зае душвор мешавад, ки ба қавли маъруф базӯр нони хӯрдан меёбанд. Ин амал дуруст аст?

Посух Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Исроф калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ва бемаъние омадааст, ки мардум ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Тавре, ки Унсурмаолии Кайковус қайд намудааст: “Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад”. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китобаш бо номи “Амоли мутлақа” аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки пайғамбар дар ҳадисе фармудаанд: “Бихӯред, садақа диҳед, либос пӯшед, бидуни тахаюлот ва исрофкорӣ”.

Саъдии Шерозӣ низ дар мазаммати исрофкорӣ ва иҷтиноб варзидан аз ин амали зарарнок чунин мисраҳои ҷолибро эҷод кардааст:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Дар Қуръони Карим Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд: Исроф макунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад” (Сураи “Анъом”, ояти 141);

Бо ҳамин маънӣ дар ҷои дигар низ ишорат шудааст: Ҳеҷ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст” (Сураи “Исро”, ояти 26-27).

Луқмони Ҳаким яке аз шахсони сарватманди замони хеш ба ҳисоб рафта, бо чунин дороиҳову сарвати хеш дар бораи сарфу хароҷоти зиёдатӣ, ҳамчунин исрофкориву зоҳирпарастӣ чунин зикр менамояд:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Мардуми мо бояд аз гузаштагони хеш тарзи маъракаороии камхарҷу самимӣ ва маънавиро биомӯзанд, зеро тавре, ки дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, Худованд исрофкоронро дӯст намедорад ва мардумро ба ҷои исрофкорӣ ба садақа додан ба ятимон, бевазанҳо, пирони танҳо ва дигар одамони камбизоат роҳнамоӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД