Commerce bank may-june 2026
Испания дар мусобиқоти “Ҷоми ҷаҳон-2026” ғолиб омада, қаҳрамони футбол шуд
20.07.2026
Оила
67

 

Шаби 20-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум»-и шаҳри Ист-Ратерфорди иёлати Ню-Ҷерсии ИМА бозии ниҳоии “Ҷоми ҷаҳон-2026” доир гашта, тими миллии Испания мунтахаби Аргентинаро шикаст дод ва ба гирифтани медалҳои тилои Ҷоми ҷаҳон-2026” мушарраф гашта, қаҳрамони футбол шуд.

Рақобати асосӣ бидуни гол ба поён расид, вале дар вақти иловагӣ тими миллии Испания бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Дар ин бозии тақдирсоз голи ягонаро нимҳимоятгари Испания Ферран Торрес дар дақиқаи 106-ум ба самар расонд.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳалаи ниманиҳоӣ мунтахаби Испания дастаи Фаронсаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, Аргентина бар тими миллии Англия бо ҳисоби 2:1 ғлаба ба даст оварда буд, вале бозии ниҳоӣ ба фоидаи Испания анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи “Ҷоми ҷаҳон-2026” тими миллии Испания зери раҳбарии сармураббӣ Луис де ла Фуэнте ғолиб омада, қаҳрамони футбол гашт. Роҳбари ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти ИМА Доналд Трамп Ҷоми ҷаҳонро ба мунтахаби Испания тақдим карданд.
Ба дастаи Аргентина (сармураббиаш Лионел Скалони), ки ҷойи дувумро ишғол намуд, медалҳои нуқра сурпурда шуданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД