Ман духтури бемориҳои занона ҳастам ва дар таваллудхона кор мекунам. Ҳамарӯза занони зиёде барои исқоти ҳамл намудан ба мо муроҷиат мекунанд. Оё исқот гуноҳ аст? Хоҳиш мекунам, ба саволам посух диҳед, ки қалбам ором шавад.
С., духтури амрози занон
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Исқоти ҳамл аз нигоҳи дини мубини ислом дуруст нест, зеро шариат ҳатто зоеъ кардани нутфаро ҷоиз намешуморад. Инсон молики ҷисми худ нест ва ҳаққи қатъ намудани як узви худ ва ихтиёри қатли худро надорад. Аз ин ҷиҳат, агар фарде ин амалро ба фарди дигаре анҷом диҳад, шариат онро гуноҳ мешуморад.
Дар масъалаи исқот, агар дар ҳамл аломати ҳаёт эҳсос шавад, зоеъ намудани он ҳаром аст, агар қабл аз намоён шудани ҳаёт зоеъ шавад, боз ҳам ноҷоиз аст, зеро як ҳиссаи ҷисми он зан пиндошта мешавад, ки қатъ намудани он ҷоиз нест. Танҳо дар ҳолати зарурат, агар ҳомиладорӣ ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ дошта бошад, исқоти он ҷоиз аст. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 4, с. 381-382).