“Ҳар касе ҳазрати Исо (а) –ро қабул надошта бошад, мусалмон ҳисобида намешавад...”
Инак, тибқи солшумории мелдӣ соли нави 2022 фаро мерасад. Солшумории мелодӣ аз тавлиди Исои Масеҳ оғоз меёбад. Дар атрофи ном ва зиндагии ин паёмбар сару садоҳо дар ҳама давру замон бисёр буданд. Барои равшанӣ андохтан ба ҳаёти ин паёмбари соҳибкитоб дар арафаи ҷашни Соли Нав суҳбате доштем бо сармутахассиси Раёсати фатвои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ.
-Баҳсу мунозираҳо дар бораи тавлиди Исои Масеҳ хеле зиёданд, ҳатто дар замонаш бархе Исоро “писари ҳаромии Марям” мегуфтанд, аз ин хотир пеш аз ҳама мехостем ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, ки чӣ тавр Бибӣ Марям бе шавҳар ҳомила шуд?
-Исои Масеҳ аз қавми яҳудӣ буда 2016 сол пеш ба дунё омадааст. Дар сураи Марям ояти 20 чунин зикр шудааст: “Ба Худованд гуфт, ки чӣ гуна фарзанде барои ман бошад, дар ҳоле, ки то кунун инсоне бо ман тамос надошта ва зани олуда ҳам набудам. Худованд гуфт: “Матлаб ҳамин аст. Ва ин кор бар ман осон аст. Мо ӯро меофарем ва барои мардум нишонае қарор бидиҳем ва раҳмате бошад аз сӯйи мо ва ин амре аст поён ёфта ва ҷойи гуфтугӯ надорад. Бо гуфтани калимаи кун, яъне ба маънои ”бош” ин чиз пайдо мешавад.” Аз рӯйи ривоятҳо Ҳазрати Ҷабраил (а) дар остини Бибӣ Марям куф кардааст ва дар баъзе ҷойҳо оварда шудааст, ки дар гиребон ва дар дигар ҷойҳо бошад дар даҳони ӯ суф карданд ва ҳазрати Исои Масеҳ пайдо шуд?
-Мегӯянд, ки Исо дар байни рамаи гӯсфандон таваллуд шудааст?
-Худованд дар сураи Марям, ояти 22, 23 мефармояд, ки саранҷом Марям бордор шуд ва ӯро ба нуқтаи дурдасте бурд. Дарди зоимон ӯро ба танаи хурмо кашонд. Он қадар нороҳат шуд, ки гуфт: “Кош аз ин пеш мурда будам ва ба куллӣ фаромӯш мешудам.” (Ояти 24)
Ногаҳон аз тарафи поёни пояш ӯро садо зад, ки ғамгин набош, парвардигорат зери пои ту чашмаи гуворое қарор додааст. (ояти 25) Ҳамон нахли хурморо ба тарафи худ такон деҳ, хурмои тозае бар ту фурӯ мерезад. Ояти 26. Ва бихӯр ва бинӯш ва чашматро ба ин мавлуди ҷадид равшан кун ва ҳар гоҳ, ки касе аз инсонҳоро дидӣ, бо ишора бигӯ, ки ман ба Худованди раҳмон рӯзае назл кардаам, бинобар ин, имрӯз бо ҳеҷ кас сухан намегӯям. Бидон, ки ин навзод аз ту дифоъ хоҳад кард”. Ҳамин тавр дар он биёбон ҳазрати Исои Масеҳ таваллуд мешавад.
--Ҳамқавмонаш бе шавҳар писар таваллуд кардани Марямро чӣ гуна қабул карданд?
-Вақте Марям Исои пайғамбарро таваллуд кард, тифли навзодашро ба назди қавмаш овард. Инро дида мардум аз ӯ рӯй тофтанд ва бо нафрат гуфтанд: “Чаро чунин чизи зиштро барои мо овардӣ, дар ҳоле, ки волидони ту шахсони баду зинокор набуданд?!” Марям ба тифли дар гаҳвора будааш ишора карда мегӯяд: “Ин саволро ба ин кӯдак диҳед ва аз худаш пурсед, ки кист!” Онҳо ҳайрон шуда мегӯянд, ки чӣ хел бо ин тифл гап мезанем, ҳол он ки ӯ дар гавҳора аст. Ҳамин дам бо амри Парвардигор Исои навзод ба сухан даромада мегӯяд: “Ман бандаи Худоям, ба ман китоб додааст ва маро пайғамбар сохтааст...”
-Чаро Исо пайғамбарро Масеҳ мегӯянд?
-Исо пайғамбар бо мадади Худованд кӯри модарзод, пес ва махав барин бемориҳоеро, ки тамоми табибон дар илоҷи ин дардҳо дар монда буданд, бо дасташ ба воситаи масҳ кашидан даво мебахшид, шояд калимаи “Масеҳ” аз ҳамин сабаб ба номи ӯ часпида бошад.
Боре ба як меҳмони муллобашара дар бораи Исои Масеҳ савол додам, ба ғазаб омада гуфт: “Номи Исоро ба забон нагир, ки кофир мешавӣ!” Магар дар асл чунин аст?
-На, чунин нест. Дар дини мубини ислом таъкид шудааст, ки агар касе рисолати ҳазрати Исоро қабул надошта бошад, имони ӯ қабул нест ва ҳатто муъмин шуморида намешавад. Исои Масеҳ пайғамбари мурсал, яъне фиристодашуда аст, зеро ба ӯ китоб нозил шудааст. Дар Қуръони азимушшаън дар сураи Моида ояҳои 116, 117 ва 118 омадаст: “...Худованд ба Исо ибни Марям мегӯяд: Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро ба унвони ду маъбуд, ғайр аз Худо интихоб кунед? Исо мегӯяд: Муназзаҳӣ, яъне ту пок ҳастӣ ва ман ҳақ надорам он чиро, ки шоистаи ман нест, бигӯям. Агар чунин суханеро гуфта бошам, ту медонӣ! Ту аз он чи дар руҳ ва ҷони ман ҳаст, огаҳӣ ва ман аз он чи дар зоти ту аст, огаҳ нестам. Ва яқин ту аз тамоми асрор ва пинҳониҳо бохабарӣ...”
Дар ояти 117 мефармояд, ки аз он чизе, ки ба ман фармон додӣ, бештар чизе ба онҳо нагуфтам. Ба онҳо гуфтам: Худовандеро бипарастед, ки парвардигори ману парвардигори шумост. То замоне, ки дар миёни онҳо будам, муроқиб ва гувоҳашон будам, вале ҳангоме, ки маро аз миёнашон баргирифтӣ, ту худ муроқиби инҳо будӣ. Ва ту бар ҳар чи гувоҳ ҳастӣ...” Аз ин ояҳо маълум мегардад, ки Ҳазрати Исо пайғамбар ва бандаи Худо буданд.
-Мегӯянд, ки пайғамбар Исо боло рафтааст. Боло куҷост?
-Аз нигоҳи эътиқодӣ осмон дорои ҳафт табақа мебошад ва Худованди таборак ва таъоло дар синни 33 солагӣ Исо пайғамбарро ба осмон яъне ба осмони чаҳорум бурданд, Дар сураи Нисо ояи 158 ин қисса зикр шудааст, ки Худованд мефармояд: “балки ӯро ба сӯйи худ боло бурд ва Худованд тавоно ва ҳаким аст”. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ҳазрати Исо кушта шудааст, Исоро чормех карда буданд ё ба дор овехтанд. Дар ояи 157-уми ин сура омадааст: “гуфта бошанд, ки мо Исо ибни Марям, паёмбари худро куштем, дар ҳоле, ки ӯро на куштаанд ва на ба дор овехтанд. Локин амр ба онҳо муштабиҳ шуд ва касоне, ки дар мавриди қатли ӯ ихтилоф карданд, аз он дар шак ҳастанд. Танҳо аз гумон пайравӣ мекунанд ва қатъан ӯро накуштаанд. Исо пайғамбар зиндааст ва ҳоло дар осмони чаҳорум қарор дорад. Дар охири дунё нузул хоҳад кард.
-Дар Қуръон дар бораи нишонаҳои фуруд омадани пайғамбар Исо чизе оварда шудааст?
-Не, дар Қуръони азимушшаън чизе оварда нашудааст, вале дар ҳадис ва ривоятҳо чунин омадааст, ки баъд аз баромадани даҷҷол, ҳазрати Исо дар пеши манораи Сафед, ки дар Сурия аст, фуруд меояд.
-Чаро масеҳиён рӯзи якшанберо ид мекунанд? Магар ин рӯз ба тавлиди Исо ягон вобастагӣ дорад?
-Худованд дар сураи Моида ояти 114 мефармояд, ки Исо ибни Марям арз кард, ки Худовандо, Парвардигоро бар мо моидае фирист, то барои аввалу охири мо иде бошад ва нишонае аз ту, бар мо рӯзӣ деҳ. Ту беҳтарини рӯзидиҳандагонӣ. Чуноне аз оят бар меояд, нузули моида дар рӯзи якшанбе буда ва шояд яке аз далелҳои эҳтироми рӯзи якшанбе дар назари масеҳиён ҳамин бошад.
-Мо дар арафаи соли нави масеҳӣ қарор дорем, аз ин хотир донистан мехоҳем, ки чаро бархе аз масеҳиён иди Соли навро таҷлил намекунанд?
-Аз рӯйи маҳбубият Соли нав аз ҷашнгирии мавлуди Исои масеҳ поинтар меистад. Соли нав идест, ки дар натиҷаи анъанаҳои тӯлонӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо аз ҳар гуна эътиқоди динӣ дур аст. Чизе, ки шумо дар назар доред, ба масеҳиёни православӣ дахл дорад. Онҳо тамоми талаботи мазҳабиро риоя мекунанд, вале Соли навро ҷашн намегиранд ва ҳатто таҷлилашро ҷоиз намедонанд, зеро маҳз дар ин айём рӯзаи даврони Мавлуд оғоз мешавад ва масеҳиёни православӣ онро риоя намуда, бештар ба ибодат мепардозанд.
-Оё нузули Исоро мусалмонон қабул доранд?
-Албатта! Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар касе ҳазрати Исо (а) –ро қабул надошта бошад, мусалмон ҳисоб намешавад. Яке аз шартҳои дини мубини Ислом ҳамин аст, ки ба тамоми пайғамбарҳое, ки пеш аз пайғамбари мо ба дунё омадаанд, имон биоварем. Ягон мусалмон ҳаққи инкор кардани онҳоро надорад. Касе Исо ё пайғамбари дигарро инкор намояд, имони ӯ эътибор надорад.
-Барои суҳбати ҷолиб ташаккур!
Маҳинаи Давлат