Formula novemver 2024
Исмоили Маҳмадзоир мардуми Хуросонро соҳиби об кард
10.05.2022
Mahina
1389
Исмоили Маҳмадзоир мардуми Хуросонро соҳиби об кард

Об сарчашмаи безаволи ҳаёт ва манбаи покиву сафову саломатӣ буда, савоби об додан ба як ташналаб аз савоби нон додан ба даҳҳо одами гурусна бузургтар аст.

Соҳибкори ҷавон ва бо нангу номуси тоҷик Исмоили Маҳмадзоир кори хайреро анҷм дода, ҳудуди 610 оиларо дар ноҳияи хуросон соҳиби оби тозаи нӯшиданӣ гардонд.

Исмоили Маҳмадзоир ба беш аз 600 хонаводаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияиХуросони Вилояти Хатлон, ки солҳои тӯлонӣ аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, оби нӯшокӣ гузаронида, бо ин амали нек ва ҷавонмардонаи хеш натанҳо ташнакомонро соҳиби оби нӯшокӣ гардонд, балки ба боғу роғ ва кишту полез низ умри дубора ато намуд.

Дар ин мавзеъ бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида 542 га обёрӣ гардида, дар 47 га заминҳои назди ҳавлигӣ низ табдирҳои муҳими обёрӣ амалӣ карда шуданд.

Ҳамин тавр мушкили 4000 сокини деҳаи Меҳнатобод, ки солиёни тӯлонӣ аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, ҳал шуда, акнун имкон доранд, ки мисли сокинони дигар минтақаҳои кишварамон бо дасту дили гарм ба боғдорию обчакорӣ машғул шуда, ризқу рӯзии худро аз замин пайдо намоянд.

Иқдоми пешгирифтаи соҳибкори ҷавон Исмоили Маҳмадзоир дар доираи татбиқи барномаи "Даҳсолаи байналмилали амал-об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, дар самти беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии сокинон амалӣ карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки сокинони деҳаи Ғаллаобод солҳои зиёд аз норасогии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.

Дар доираи барномаи мазкур минтақаҳои осебпазир дар ин самт, обёрӣ гардида, дар оянда низ мавриди амал қарор гирифтани чунин барномаҳо дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД