Arzon march 2024
ҚИСМИ ПУРРА: АЗ ДАСТИ ЗАН РӮЗ НАДИДАМ!
28.11.2020
ОИЛА
4178

 

 

Ин номаро ба шумо марде менависад, ки ба номи пуршарафи мардӣ сазовор нест, бале, ҳайрон нашавед, нест… Охир, марде, ки гапаш ба зани худаш намегузарад, оё мард аст?!

Шаш сол боз ман овораю сарсон дар Русия муздурӣ мекунам, ҳеҷ не, ки якам болои ду шавад, зеро касофати қарзҳои ҳамсарам маро ба ин ҳол овардаанд. Мехоҳам сарнавишти талхи зиндагиямро ба хонандагони ҳафтавори «Оила» нақл кунам, ин дарду алами маро кам ҳам накунад, шояд ба нафари дигар сабақи зиндагӣ шавад. Шояд мардоне, ки мисли ман бо садои доираи занҳои худ рақс мекунанд, ба худ оянд? Бояду шоядҳои зиёде дорад сарнавишти ман, қазоваташро ҳавола бар шумо менамоям…

                           Арӯси соҳибҷамол

Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам, падару модарам бо меҳнати ҳалол мо- чор писару шаш духтарро ба воя расонида, соҳиби зиндагии алоҳида карданд. Мо бо муздурӣ нони худро ёфтаем, азбаски меҳнатдӯсту шикастанафс будем, пули хуб кор мекардем. Бародари калониямон шаҳрвандии Русияро соҳиб шуду моро сарпараст гашт, хонаи падариро ба додари хурдиям гузошта, ману акаи дуюмам барои худ хонаҳои зебои замонавӣ сохтем. Акаам оиладор буд, барои ман волидайнам арӯс ёфтанд, ман худам ҷавони пастқомати сабзина бошам ҳам, хешамон, ки дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард, духтари нозанинашро ба ман дод. Зеро медонист, ки духтари ягонаашро баъди тӯй ба хонаи алоҳида мебаранду азоби хизмати хусуру хушдоманро намекашад. Ростӣ, ман баъди хатми мактаб ба Русия рафта будаму касеро дӯст ҳам надошта будам, вақти ишқбозӣ низ набуд. Зани қоматбаланди сафедчеҳраамро бо як дидан дӯст доштам, он қадар дӯсташ медоштам, ки равои озорашро надоштам. Баъди як ҳафтаи тӯй ба хонаи худамон кӯчидем, се моҳи дар Ватан будан, ҳамсарамро намегузоштам, ки дасташро ба косаи тар занад. Мо субҳонаву хӯроки нисфирӯзиро дар хонаи волидайнам мехӯрдему шом аз маркази ноҳия ягон чизи бомазза харида меовардам. Дар Ватан ба кирокашӣ машғул будаму ҳамеша пул доштам. Гармиҳо фаро расиданду ман боз роҳ пеш гирифтам сӯйи Русия ва Хумор, ки акнун дар батнаш фарзанд дошт, дар деҳа монд… 

                  Ишқи зиндагӣ

Занамро зиёд дӯст медоштаму пули ёфтаамро барояш мефиристодам, ӯ низ як тинро беҷо сарф накарда, дар ободонии хонаву дар сарф мекард. Писарам ба дунё омаду ман баъди якмоҳа шуданаш билет гирифта, ба диданаш омадам, хонаву дар ободи обод будаанд. Атрофи ҳавлӣ девори баланди хиштӣ бародошта, ҳавозаи баланди ангур сохтанду дарвозаи мунаққаши зебо шинонданд. Занамро, ки баъди таваллуди фарзандамон худашро пур карда, аз пештара зеботар шуда буд, маҷнунвор дӯст медоштам. Шукронаи зиндагии ободу зебоям мекардам, ҳамин тавр, пайи ҳам соҳиби чор фарзанд шудем. Ман шаш моҳ дар Русия будаму шаш моҳи дигар дар Ватан, мошин доштаму кирокашӣ мекардам. Фарзандонам пайи ҳам мактабхон шуданду мехостам тамоми шароитро барояшон муҳаё кунам. Бо Хумор яҷоя нақшаҳои зиёде мекашидем, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки кори хона ба бозор рост намеояд…

                               Шикасти кор

Ҳафт сол пеш ҳангоми кор дар сохтмон аз баландие афтида, поямро шикастам, шаш моҳи дароз ба хона пул равон карда натавонистам, бародаронам барои хӯрду хӯроки фарзандонам пул равон мекарданд. Дар ҳамин айём Хумор занг зада гуфт, аз бонк каме пул қарз гирифта, ба тиҷорат машғул мешавад. Ростӣ, аввал каме нею нестон кардам, вале Хумор бо меҳрубонӣ диламро ёфт ва аз ҳамон рӯз сар шуд бебаракатӣ дар зиндагии мо…

Хумор аз бонк аввал панҷ ҳазор доллар қарз гирифта, ба тиҷорати ороишоти тиллоӣ машғул мешавад, аммо тиҷораташ омад намекунаду ҳамин тавр давом додан мегирад. Оқибат панҷ ҳазор доллар ба панҷоҳ ҳазор доллар мерасад, азбаски ҳуҷҷатҳои хонаро дар бонк ба қарз мондааст, бонк хонаро гирифтанӣ мешавад... Ман ки акнун нав роҳгардон шуда будам, бо шунидани ин моҷаро ба хона баргаштаму Хуморро хуб сарзаниш намуда, мошинамро фурӯхтаву аз бародаронам қарз гирифта, ҳуҷҷатҳои хонаро аз бонк гирифтам.

-Занакҷон, ба хотири дӯстдорияму фарзандон хатоятро бахшидам, минбаъд эҳтиёт намову ҳеҷ гоҳ қарз нагир,- гуфтам ба ӯ.

Хумор низ бо гиряву зорӣ бахшиш пурсиду гуфт, ки тавба кардаам, аммо тавбаашро боз шикаст…

                                 Дили омӯхта

Ман баъди маслиҳатҳои тулонӣ бо Хумор боз ба Русия рахти сафар бастаму Хумор пайи маро тоза карда, қасамҳои назди ман хӯрдаашро фаромӯш карда, боз қарз гирифтааст. Боз ҳуҷҷатҳои хонаро ба гарав монда….

Ин дафъа вай ба доми фиреб афтодааст, қалобе бар ивази сӣ ҳазор доллар ба ӯ оҳанпораҳои бекораро тилло гуфта фурӯхтааст. Маро пойи маъюбам азоб медоду чун ҳарвақта пул кор карда наметавонистам. Падару модару бародаронам ҳам, ту лаҷоми занатро кашида наметавонӣ гуфта, бо ман ногап шуданд. Охир, дар деҳаи мо қарз гирифтану қарздор шудани занро як шармандагӣ меҳисобанд. Чун апаи калониям ин хабарро ба ман расонд, аз қаҳру ғазаб як моҳ бемор шудам, заъфи асаб ҳоламро хароб кард. Шаш моҳ умуман бо Хумор гап назадам, вале падарам занг зада гуфт:

-Бар падари туву зандорият ҳазор лаънат, хезу биё, хонаву даратро бонк мегирад.

Билет гирифта, бо дили реш ба Ватан рафтам, ба ду духтару ду писарам нигариста, дилам реш мешуд… Ман дигар илоҷе надоштам, бонк хонаамонро кашида гирифта, моро аз дар берун кард. Хусуру хушдоманам аз дасти духтари эркаю ягонаашон ба дод омада буданду ноилоҷ зану фарзандони маро дар хонаашон ҷо карданд. Ман онҳоро дар Ватан монда, омадаму дигар ёди ватан накардам. Аҳволамро худам медонаму Худо. Ҳозир аҳволи муҳоҷирон ба ҳама маълум, ин вабои хатарзо зиндагии сангини муҳоҷири тоҷикро дар мулки Рус сангинтар кард. Ба зӯр пуле меёбем, ки маблағи иҷораро пардозему як луқма хӯрем. Гоҳ-гоҳе барои кӯдаконам пул мефиристам, аммо дилам аз Хумори касофат мондааст…

Бераҳмию якравӣ ва худхоҳии занам, сустию занкалониям маро ба ҳамин рӯз расонд. Имрӯз дар кӯчаҳои зиндагӣ саргардонам, умрам ба чил дакка мехӯраду ҳеҷ не, ки сарҳисоби зиндагиямро ёбам….

                                                           Сайнуриддин,

                                                        аз Федератсияи Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД