Банда муддати ду сол аст, ки ба сифати ронандаи таксӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонам. Азбаски ҳамеша бо мардум сару кор дорем, мо, таксистҳо ҳамарӯза шоҳиди иттифоқҳои аҷоибу ғароиби зиёде мешавем. Ҳодисае, ки дирӯз рӯй дод, маро сахт ба ғазаб оварда, маҷбур сохт, ки ба сомонаи Оила. ТҶ муроҷит намоям.
Нимаи дуюми рӯз аз самти сирк ҷониби маҳаллаи Гулистон ҳаракат мекардам, ки марди сиёҳҷурдае даст бардошт. Мошинро канори роҳ нигоҳ доштам. Маълум шуд, ки мизоҷи навбатӣ танҳо набудааст. Мардро зани гандумгуни хомфарбеҳе ҳамроҳӣ мекард. Зан тахминан 50-55 сола менамуд ва дар танаш куртаи остиндарози тоҷикию дар сараш рӯймол дошт. Зоҳиран як зани боимону худотарс ба назар мерасид, аммо...
Ин мизоҷони бе шарму ҳаё то ба гардиши Колхози Россия расидан дар дохили мошин чунон нағмаҳое карданд, ки ҳуш аз сарам парид. Марди сиёҳҷӯрда гӯё дар таксӣ нею дар ягон истироҳатгоҳ ё макони айшу ишрат бошад, дасташро аз миёни зан гузаронида, ӯро танг дар оғӯш гирифта буду ҳарисона лабу рӯю гарданашро бӯсаборон мекард. Зан ҳам аз ошиқаш камӣ надошт. Ҷойи он, ки ба бари рӯйи он нархари дупо як шаппотии обдор фарорад, вай лабонашро аз лабҳои ғафсу сиёҳи мард наканда, ба бӯсаҳои оболуду туфолудаш бо бӯсаҳои фаронсавӣ ҷавоб медод. Ба назар чунин мерасид, ки ин Лайлию Маҷнуни пояшон қариб ба лаби гӯр расида мисли ду гурги гурусна тайёранд ҳамдигарро зинда ба зинда фурӯ баранд. Кам монда буд, ки ғули дупо дар даруни мошини ман либосҳои он зани беимонро аз танаш бадар кунад.
Чашм дарё аст мегӯянд, ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки рӯйи он ду касофатро набинам, намешуд. Аз оинаи мошин тамоми нағмаҳои он ду мизоҷи шайтонсирати худобехабар бараъло намуда меистод. Дилам мехост он ду зинокорро аз мошин фароварда мурданивор лагадкӯб созам, вале астағфуриллоҳ гӯён худро базӯр медоштам...
Мизоҷони шайтонсират дар гардиши колхози Россия фармада ба яке аз тарабхонаҳои сари роҳ даромаданд, ман бошам, фармони мошинро ҷониби хона тофтам. Рафтори он ду беимон маро ба ҳадде асабию хаста карда буд, ки дигар на пул мефорид ва на мошину на клиент. Ин корро, агар ягон духтари ҷавон мекард, шояд ин қадар ба ман таъсир намекард, вале ба чунин амалҳои зишту ҳаром машғул шудани як зани умраш ба ҷое расидаи тоҷик бисёр-бисёр таассуфовар аст. Дақиқан он зан фарзанд ва шояд келину домоду набера дошта бошад. Ҳайронам чӣ гуна баъди чунин кирдорҳои ҳаром шарм накарда по ба остонаи манзилаш мениҳад? Вай баъди ҳамоғӯшӣ бо он нарғӯл чи сон ба рӯйи аҳли хонаводааш, ба рӯйи бачаҳояш нигоҳ мекарда бошад? Фарзандону небарагонаш аз ин зани беҳаёву бехудо чӣ меомӯзанд?!
Бадбахтона, ин ҳодисаи ягона нест. Вақтҳои охир сару садоҳои зиёде дар мавриди бо зинокорӣ машғул шудани занҳои тоҷик, ҳатто баъзе занҳои шавҳардор тез-тез ба гӯш мерасанд. Ҳолатҳои дар сари гуноҳ ба чанги шавҳар, хусур ё хушдоман афтодани занҳо низ кам нестанд. Саволҳои зиёде дар майнаам чарх зада, сарамро хеле гиҷ мекунанд. Ҳайронам, охир кӣ ё чӣ боис гаштааст, ки имрӯз иддае аз занҳои мо ба чунин роҳи нангин рафта, ба номи зани тоҷик иснод оваранд? Барои аз байн бурдани ин падиди нангин ва пешгирии фасоди ахлоқӣ чӣ бояд кард?
Сафар, таксист.