Рӯзҳои 16-17-уми август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) дастранҷи худро пешниҳод намудаанд. Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намудааст. Дар намоишгоҳ ҳар як шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40-50 тонна маҳсулот пешкаш кардаанд.