Formula 2025 may
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар саммити КФО дар Арабистони Саудӣ
36

Конфедератсияи футболи Осиё дар Арабистони Саудӣ барои баррасии формати мусобиқоти бошгоҳҳо саммит доир намуд. Дар чорабинӣ намояндагони федератсияҳои миллӣ, лигаҳо ва клубҳои ширкаткунанда иштирок доштанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин ҳамоиш Тоҷикистонро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, директори генералии бошгоҳи «Истиқлол» Шаҳзод Сулаймонов ва директори бошгоҳи «Равшан» Ғайраталӣ Мираҳмадов намояндагӣ карданд.

Дар ҳамоиши мазкур дар Арабистони Саудӣ ислоҳоти имсола дар мусобиқоти бошгоҳӣ ва тағйироти асосӣ ба низомнома баррасӣ шуданд. Таҳлилҳо, омор ва хулосаҳо аз рӯи натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ ва плей-оффи мусобиқоти бошгоҳҳои КФО пешниҳод карда шуданд. Илова бар ин, дар чорабинӣ оид ба нақшаҳои мавсими оянда маълумоти муфассал дода шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш инчунин дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 миёни «Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) ва «Кавасаки» (Ҷопон) - 2:0 иштирок карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД