new banner new years
Иштироки бидуни натиҷаи Комроншоҳ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
01.08.2024
ОИЛА.ТҶ
422

Дар рӯзи панҷуми 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён зери вазни то 90 кг муаррифӣ кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Устопириён дар даври аввал бо ҷудокори гурҷитаборӣ испанӣ Тристани Мосахлишвили гӯштин гирифт ва бо як имтиёзи вазарӣ шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Қобили зикр аст, ки ин сеюмин Олимпиада дар корномаи Комроншоҳ буд, ки ширкат варзид. Дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 ва Токио-2020 ҳам Комроншоҳ бидуни натиҷаи назаррас баромад карда буд. Ба ҳамин тартиб, Бозиҳои олимпии Париж-2024 охирин дар корномаи Комроншоҳи Устопириён буд.

Тоҷикистон ҳоло дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 як медали биринҷӣ дорад. Нишони биринҷиро дар рӯзи чаҳоруми Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД