formula feb 2025
Иштироки 8 ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025
228

Рӯзҳои 21-23-юми марти соли равон дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 Tbilisi Grand Slam 2025 доир мешавад.

ТВ “Варзиш” бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) иттилоъ медиҳад, ки барои ширкат дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025, 402 ҷудокор (227 мард, 175 зан) аз 53 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Магомед Фармонбеков (-66 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмидинов (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-81 кг), Бахтиёр Бозоров (-81 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Муҳсин Малаев (-100кг) намояндагӣ мекунанд.

Барномаи баргузории мусобиқа чунин аст: Дар рӯзи аввал, 21-уми март ҷудокорон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва вазнҳои - 48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои -73 кг, -81 кг ва бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг сабқат мекунанд. Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар варзҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг баромад мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида хоҳанд шуд. Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2024 Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ карда, бидуни медал мусобиқаро ҷамъбаст карда буданд. Охирон дастоварди ҷудокорони тоҷик дар мусобқаи мазкур соли 2021 мебошад, ки Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 60 кг ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД