arzon replenishment
ҚИШЛОҚИИ ПОЧАКАНДА НЕСТАМ, МАРДАК
16.06.2021
Оила
4684

 

...Пас аз як моҳи ин воқеа аз пойтахт барои ман хостгорон омаданд. Ҳамсабақи падарам-амаки Ҷалил, ки дар Вазорати тандурустӣ кор мекард, маро барои писари дуюмаш хостгорӣ намуд.

Падарам аз дилу ҷон розигӣ доду маро бо ҷиҳози зиёду тӯйи шоҳона ба хонаи бахтам гусел намуданд. Шавҳарам Бахтовар мисли падару модараш духтур буд, апааш шавҳар карда рафта буду додари донишҷӯяш бо мо мезист. Шавҳарам духтури ҷарроҳ, ҷавони зебою маданӣ бошад ҳам, дӯсташ намедоштам, ҳушу ёдам ба деҳа ва Нодир банд буд, вале...

Овозхони афғон Нигина Амонқуловаро ба суд медиҳад?

...Гап сари таронаи “Зорӣ-зорӣ” меравад, ки асосан моли Ваҷиҳа Растагор буда, Нигина Амонқулова онро соли гузашта дар доираи лоиҳаи “A tribute to singing legends by Nigina Amonqulova” бозхонӣ намуда буд. Матни тарона ба қалами Амирҷон Сабурӣ, шоир ва овозхони афғон тааллуқ дорад. Ин овозхони афғон дар барномаи “Сароча”-и Телевизиони “Тулӯъ” аз шеваи овозхонии Нигина Амонқулова тавсиф карда бошад ҳам, дар хусуси бидуни пурсиш сароидани сурудаш изҳори норозигӣ кардааст...

6 ғалати зан дар бистар

...Бисёриҳо бар онанд, ки зебоипарастӣ танҳо хоси зан аст, вале мардон аз мо дида зебоиро дӯст медоранд. Ба ҳамин хотир, бистари хоби шумо бояд ҳамеша зебо, тозаю озода ва ботартиб бошад. Ҳавои хонаи хоб низ тозаю гуворо ва он зебо оро дода шуда бошад. Гап дар сари мебели қиматбаҳои рахти хоби аълосифат нест, бигузор одӣ, вале зебо бошад. Ҳар бегоҳ ба хонаи хобатон чун ба ҷойи муҳим дароед. Бистари батартибу нарм на танҳо ба кас ҳаловат мебахшад, балки барои саломатӣ ҳам фоидаовар аст...

Хушбахт будан мехоҳам

Суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Манижа Сангин

...-Кай бори охир дар Душанбе будӣ? Оё Ватанро ёд мекунӣ?

-Албатта, пазмон мешавам. Мо дар Душанбе моҳи ноябри соли 2019 будем, вале ман шаҳри бачагии худро намешиносам. Ёдгориҳои меъморӣ тахриб шуда, биноҳои беназире, ки сайёҳон ва меҳмононро шод мекарданд, нобуд шудаанд. Шаҳр пур аз биноҳои баландошёнаи якранг аст, ки аз шиша ва бетон сохта шудаанд. Дарахтони сершохаву сояафкан, ки пиёдагардонро аз нурҳои офтоби сӯзон муҳофизат мекарданд, нопадид шудаанд. Ин, албатта, ғамангез аст...

Бардоштани тобут савоб дорад?

Домуллои муҳтарам. Дар ҷаноза шоҳиди он ҳастем, ки ҳар иштирокчӣ кӯшиш мекунад, ки гӯшаи тобутро бардоранд. Мегуфтед, ки бардоштани тобут савоб дорад? Алиҷони вахшӣ.

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 23-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 16-уми июни соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД