Аслия чанд дона либосашро дар сумкае ҷо карда, гӯшвораҳои ёдгории дасти падарашро бурда, ба тиллофурӯши шинос фурӯхт.
Ҷойи кор рафта, ариза навишту кӯҳнафурӯшеро ёфта, тамоми чизи дар хонаи иҷорааш бударо ба нархи арзон савдо карду билет харида, азми сафари Русия кард. Бори аввал аз Тоҷикистон берун мерафт, пешакӣ ба як ҳамкораш, ки чанд сол пеш рафта буд, занг зада буду ӯро дар фурӯдгоҳ ҳамсари ҳамкораш пешвоз гирифт. Ду рӯз Аҳдияи дилсӯз, ки аз аҳволи зори ӯ хабар дошт, ӯро меҳмондорӣ карду баъд бо ёрии шавҳари ӯ дар хонадони як яҳудӣ ҳамчун доя ба кор оғоз кард. Зану шавҳар яҳудӣ буданду дар маркази Маскав чанд мағоза доштанд, ду духтараки дугоникашонро ба тарбияи зани Худотарсу порсое доданӣ будаанд, чун бо Аҳдия шиноси дерин буданд, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки ягон тоҷики соҳибмаълумот биёбад. Дояи пешинаашон аз Самарқанд будаасту барои доимӣ ба ватанаш рафтааст, шояд Худо раҳми Аслияи гумроҳро хурд, ки ҷустуҷӯйи доя ба сафари ӯ мувофиқ афтод.
Аслия бо дили гарм ба кор шурӯъ кард, ҳарчанд рӯҳу равонаш хаставу афгор буданд. Аслияи меҳрубону ҳалолкор дар як муддати кӯтоҳ дар дили аҳли хонадон ва Маргову Сито-дугоникҳои заркокул ҷо гирифт. Яҳудиҳо хеле одамони доноянд ва пинҳонӣ аз доя дар хона камераҳои назоратӣ гузошта, ӯро месанҷиданд, чун диданд, ки Аслия ба молу ҳоли онҳо ва духтараконашон ин қадар меҳрубон аст, ӯро зиёд эҳтиром мекарданд, Аслия бе талаби ягон маоши зиёдатӣ вақти хоб будани Маргову Сито хонаву дари боҳашаммати хӯҷаинҳоро тамиз мекард, хӯрокҳои тоҷикӣ мепӯхт ва баъди як сол маоши ӯро ду баробар зиёд карданд.
Оҳиста-оҳиста чашмони зан кушода шуданду фаҳмид, ки ба хотири ишқи зархаридаш аз модару бародарон ва писари ягонааш мондааст. Писараш донишҷӯ шуда буд, бо дахолати Аҳдия ӯ ба писараш занг зад ва Ардашер ғайри чашмдошти модар бо ӯ хеле меҳрубонона гап зад, чун шунид, ки модараш дар Русия аст, исрор кард, ки “очаҷон баргард, ҳамроҳ дар иҷораи ман зинддагӣ мекунем, баъд як бало карда хона мехарем”. Аммо Аслия бо гиряи зор ба писараш ваъда дод, ки то пули як хонаро кор накунад, аз Маскав барнамегардад.
Дар ду сол Аслия тавонист пули хуб кор кунад, корфармоёнаш, ки акнун ӯро чун хешу табор медонистанду тиҷораташон равнақ ёфта буд, ба писаратон тӯҳфа гуфта, як қисми маблағи хонаро ба ӯ доданд ва Аслия ба Ватан парвоз кард. Ӯро дар фурӯдгоҳ бародари калонияшу писараш пешвоз гирифтанд, Аслия сар ба бозувони фарохи акааш гузошта, хуб гирист. Ардашер баробари модааш мегирист.
Дар ҳавлии падарӣ пеши пояш гӯсфанд куштанд. Модари пираш Худоро шукр мегуфт, ки ба дидори духтараш расид. Баъд аз сер шудан аз дидори пайвандонаш, Аслия ба Душанбе барои хонакобӣ рафт ва сеҳуҷрагии барҳавоеро дар як бинои навсохт бо тамоми ҷиҳозаш харидорӣ намуд. Соҳибхона ба хориҷа кӯч мебастаасту хонаашро бо ҳама ҷиҳози доштааш ба фурӯш гузоштааст. Бо хоҳиши писараш Асия ба аёдати хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар рафта, аз онҳо узр пурсид. Хушдоманаш пайваста ашк мерехту мегуфт, ки ту гунаҳгор нестӣ бачам, қисматат чунин будааст. Аслия хонаро ба номи писараш карду роҳ пеш гирифт ба сӯйи Маскав. Акнун писараш соҳиби хона, хатмкунандаи мактаби олӣ буду бо пули аз хариди хона боқимонда ба тиҷорат машғул шуд. Асия бо Маргову Сито машғул буд, акнун онҳоро ба мактаб бурда меоварду боз дар ҳавлии калону бошукӯҳи волидайни онҳо ҳамроҳи хизматгорҳо ба кору бори рӯзгор машғул мешуд. Дар ин миён тиҷорати Ардашер низ пеш рафт ва Аслия писарашро бо духтари дӯстдоштааш хонадор намуд. Ба муносибати тӯяш волидони Марго ва Сито дар як канори Маскав барои писари Аслия хонаи якҳуҷрагӣ тақдим намуданд. Аслия шаҳрванди Русия шуд, зиндагии шоистае доштанд ин оилаи хурду тифоқ.
Аслия Марго ва Ситоро, ки дар синфи шаш мехонданд, бо мошини худаш ба мактаб бурда меовард. Ӯ бисёртар либоси миллии тоҷикӣ мепӯшид ва тӯли солҳои зиёди дар Русия будан рӯймолашро аз сар намегирифт. Як рӯз баъд аз мактаб гирифтани духтарон онҳо хоҳиш карданд, ки ба ошхонаи миллии “Самарқанд” ошхӯрӣ рафтан мехоҳанд. Аслия бисёр вақт онҳоро мебурд ба он ҷо, Аслия мошинашро дар таваққуфгоҳ гузошта, ҳамроҳи духтарон пиёда шуданд, ҳамин вақт марди жандапӯше ба онҳо наздик шуда, садақа пурсид. Ӯ бо забони шикастаи русӣ гуфт:
-Шумо чеченед? Ман ҳам мусулмонам, дар як бозор аробакашӣ мекардам, аз кор рондандам, пуле надорам то назди ҳамватанонам равам ва хеле гуруснаам…
Аслия ба чеҳраи пурпашм ва чашмҳои чукидаи марди гадо нигариста, Давлатро шинохт ва гуфт:
-Не ман чечен нестам, тоҷикам,- ва ба дасти ӯ як панҷҳазории русӣ монд. Давлат бо ҳайрат ба ҷавонзани сахӣ нигариста, пичиррос зад:
-Аслия?!
-Не, ман Оиша ном дорам,- дурӯғ гуфт Аслия ва шитобон аз пеши Давлат гузашт, аз қафо овози гиряолуди вайро шунид, ки мегуфт:
-Шумо ба як азизи ман хеле монанд будаед…
Он рӯз ош аз гулӯи Аслия нагузашт ва пеши қудрати Худои ҳамабин сад бори дигар сари таъзим фуруд овард.